Дар маҷлиси Ҳукумат нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тасдиқ карда шуд.
Низомномаи намунавии Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳомӣ ва Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020, Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ тасдиқ гардида, Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ таъсис дода шуд.
Лоиҳаи ду қонун доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати маъдани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкории илмию техникӣ ва Нақшаи генералии маркази ноҳияи Восеи вилояти Хатлон тасдиқ гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи босамари санадҳои қабулгардида ва ҳалли дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
www.president.tj