Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№89 (3390) 01.07.2015

19098745598_cf91a55342_oСиюми июни соли 2015 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни баррасии масъалаи кадрҳо, ки дар оғози маҷлис сурат гирифт, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Сипас, «Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2015» ва «Барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» тасдиқ шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва лоиҳаи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатдиҳӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Тавре зикр гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар асоси супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида буданд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Ҳадафи асосӣ аз пешниҳоди ин лоиҳаи қонун таъмини шаффофият дар санҷишҳо, пешгирӣ аз санҷишҳои дурудароз ва беасосу такрорӣ ва додани сабукиҳо ба соҳибкорону сармоягузорон аст. Дар лоиҳаи қонуни мазкур муҳлати санҷишҳо барои субъектҳои калони соҳибкорӣ на зиёда аз даҳ рӯз, барои субъектҳои миёнаи соҳибкорӣ то панҷ рӯз, барои субъектҳои хурд ду рӯз муқаррар гардидааст.

Дар идомаи маҷлис «Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти минбаъдаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2018», «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд», тасдиқ карда шуданд.

Дар фароварди маҷлис дар назди масъулин доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли равон, ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ, захира кардани маводи ғизоию сӯзишворӣ барои тирамоҳу зимистони оянда ва ҳамчунин доир ба пурзӯр намудани тадбирҳои амниятӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

www.president.tj