Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№128(3429) 26.09.2015

21624789026_a023c43e20_oБисту сеюми сентябри соли 2015 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни баррасии масъалаи кадрҳо, ки дар оғози маҷлис сурат гирифт, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Лоиҳаҳои қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи боҷи гумрукӣ», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи монополияҳои давлатӣ» ва ҳамчунин ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда  шуд.

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» ва «Дар бораи маориф» ирсол гардиданд.

Тибқи иловае, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ҷавобгарии ҷиноӣ барои машғул шудан бо сеҳру ҷодугарӣ хеле шадид карда мешавад, аз ҷумла ба муҳлати то ҳафт сол маҳрум намудан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Телевизиони варзиш», Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» таъсис дода, Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба муташаккилона ва босифат анҷом додани рухсатдиҳии сарбозони муҳлати хизмати ҳарбиашон анҷомёфта ва даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи хоҷагии халқи кишвар, омодагӣ ба мавсими зимистон, аз ҷумла масоили вобаста ба омодасозии иншооти таъминкунандаи барқу гармӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҷамъбасти маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳозирин ва ҳамаи мардуми Тоҷикистонро бо Иди Қурбон табрик гуфта, нафарони саховатпешаю савобҷӯйро ба кумакрасонӣ ба ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҳидоят намуд.

www.president.tj