Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№162 (3463) 28.11.2015

22713037103_ee3ae1e34d_o27 ноябри соли 2015 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои 2011-2015» шунида шуд.

Тавре зикр гардид, дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳаташро кӯҳистон ташкил медиҳад, наздики 1250 рӯду дарё ба дарозии умумии 30 ҳазор км мавҷуд аст, ки аксари онҳо дар баробари манфиатовар буданашон ҳамчунин хатароваранд. Ҳар сол дар фаслҳои баҳору тобистон бар асари боришот ва обшавии барфу пиряхҳо, селу обхезӣ ва ярч ба хоҷагии халқи мамлакат хисороти зиёд ворид мешавад. Барои пешгирӣ аз зарари обхезӣ дар соҳили рӯду дарёҳо 1386 км бандҳои муҳофизатӣ ва 710 адад селпарто бунёд ёфтааст, ки ба таври зарурӣ нигоҳ доштани онҳо хароҷоти зиёд талаб мекунад, зеро ҳар сол онҳо бар асари офатҳои табиӣ осеб мебинанд. Чунонки иттилоъ доданд, дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон дар як сол ба ҳисоби миёна то 70 маротиба сел меояд.

Тибқи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2015», ки ҷудо намудани 275 миллиону 700  ҳазор сомониро дар назар дорад, дар солҳои 2011- 2014 ва шаш моҳи соли 2015 бо харҷи беш аз 210 миллион сомонӣ ба масофаи умумии қариб 82,5 км бандҳои муҳофизатӣ дар соҳили рӯду дарёҳо сохта ва ё барқарор карда шуданд. Ҳамзамон корҳои зиёди дигар низ дар ин самт ба сомон расидаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодасозии лоиҳаю  нақшаҳои асоснок барои пешгирии оқибатҳои селу обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Дар идомаи маҷлис «Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» ва «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2017» тасдиқ гардид.

Тибқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016  — 2017» дар ин давра дар мамлакат бояд 302 ҳазору 300 ҷойи нави корӣ таъсис ёбад ва барқарор гардад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаҳои як қатор қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунҳо «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»,  «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Тибқи тағйиру иловаҳои ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда дар ҳолати қабул шудани он минбаъд арӯсу домод пеш аз хонадоршавӣ бояд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.

«Барномаи рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир  барои солҳои 2016 — 2026» ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Мурғоб ва ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016 — 2020 тасдиқ шуданд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2015 ва муайян намудани вазифаҳои асосӣ барои соли 2016, ба поён расонидани киштукори тирамоҳӣ, захирасозии тухмиҳои хушсифат барои киштукори баҳорӣ, афзун намудани кишти сабзавоти барвақтӣ ҷалб намуда, дар назди масъулин доир ба ҷоннок кардани корҳо ва бартарафсозии камбудию нуқсонҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар робита ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳои муосир, ба мисли терроризму ифротгаройӣ ва хурофоту таассуби динӣ, аз ҷумла амалҳои террористии моҳи сентябри соли равон дар Тоҷикистон рухдода, таъкид гардид, ки ҳар як узви Ҳукумати мамлакат, ҳамаи ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар пайваста бояд ҳушёру зирак бошанд ва дар таъмини амну субот ва ҳаёти осоиштаи мардум фаъолона саҳмгузорӣ намоянд.

www.president.tj