Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№29 (3509) 03.03.2016

Мачлиси хукумат 290216 (4)29 феврали соли 2016 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Адолат муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Сипас, ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2016 шунида шуд.

Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ ва рухсат додани онҳое, ки муҳлати хизматашон ба охир расидааст, таъсис дода шуд.

Лоиҳаи чанд қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор санадҳои амалкунандаи қонунгузории кишвар, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Ҳамчунин, хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи чанд қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда — «Дар бораи фаъолияти сулҳоваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)», ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми дуюм) маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Доир ба бисёр масъалаҳои дигар низ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар фароварди маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ёдоварӣ аз камборишии зимистону аввали баҳори имсола ва фарорасии барвақти ҳавои баҳорӣ изҳори нигаронӣ карда, ба мардуми кишвар аз эҳтимолияти хушксолию камобии дарёҳо ва хатари камҳосилӣ ҳушдор дод.

Дар робита ба ин, Президенти мамлакат маслиҳат дод, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда ба заминҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо аз ҳозир фаровон об дода шавад ва агар имкон бошад, обро захира кунанд.

Таъкид гардид, ки киштукори баҳорӣ ва корҳои кишоварзӣ вобаста ба барвақт омадани гармӣ ба роҳ монда шавад ва  тамоми воситаҳои моддию техникиро сарфакорона истифода баранд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки чорабиниҳои давлатӣ ва анъанаю маросими серхароҷоти мардумӣ ҳам бояд бо хароҷоти камтарин ба роҳ монда шаванд  ва мардум барои худ маҳсулоти ғизоӣ захира намоянд.

www.president.tj