Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№43 (3523) 31.03.2016

25525391063_49271e21af_o (1)30 марти соли 2016 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси нав­батии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар он нахуст лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» баррасӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар асоси нақша, дар баробари дигар тадбирҳои мушаххас, навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» мавриди истифода қарор дода мешавад.

Вобаста ба кор андохтани Маркази барқу гармидиҳӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки то моҳи октябри соли 2016 тамоми иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва хонаҳои баландошёнаи пойтахт ба системаи гармидиҳии «Душанбе — 2» пайваст карда шавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аз ҳозир роҳбарони сохторҳои марбута баҳри захираю таъмини маводи сӯхт ва хӯрокворӣ, инчунин, омода кардани муассисаҳои соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ, марказҳои барқу гармидиҳӣ ва зеристгоҳҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Барои таъсиси Ситоди ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба зимистонгузаронӣ аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Аъзои Ҳукумати кишвар лои­ҳаҳои қарорҳоро «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020», «Дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», «Дар бораи Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016 -2020», «Дар бораи тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи кумаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ» баррасӣ намуданд.

Вобаста ба «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020» гузориши раисони ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъа шунида шуд. Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии барномаҳо ин, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳои мавҷуда ва дар ин замина ба кор даровардани иқтидорҳои маҳаллӣ мебошад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини сохторҳои давлатӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои пурра бартараф кардани оқибатҳои заминларза дар ноҳияи Рӯшон ва бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин намудани аҳолӣ супоришҳои мушаххас дод.

Дар робита ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» зикр шуд, ки дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди 20 корхона бо 195 ҷойи корӣ, вилояти Хатлон 70 корхона бо 3670 ҷойи корӣ, вилояти Суғд 55 корхона бо 880 ҷойи корӣ,  шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 19 корхонаю коргоҳ бо 1300 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, дар корхонаҳои амалкунандаи кишвар таъсиси коргоҳҳои нав ва марказҳои таълимӣ — истеҳсолӣ бо 3000 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нуҳ лоиҳаи қонун, аз ҷумла «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» баъди қабул барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Дар охир Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои саривақтии супоришҳо оид ба дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла вобаста ба тезонидани корҳои саҳроӣ, содироти меваю сабзавот, вусъати корҳои ободонӣ, рушди сайёҳӣ, омодагӣ ва дар сатҳи хуби ташкилию камхарҷ гузаронидани чорабиниҳои давлатӣ ва ҷашну идҳо дастуру ҳидоятҳо дод.

www.president.tj