Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№60 (3697) 30.05.2017

34863916056_242783f15a_o

26 майи соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он нахуст масъалаи ­кадрҳо баррасӣ шуд.

Сипас, ҳисоботи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» шунида шуд.

Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ва Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон раисони ноҳияҳои Бохтар ва Ҷайҳун гузориш доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Панҷ, Бохтар ва Ҷайҳунро ба истифодаи самараноки замин, вусъати корҳои саҳроӣ, захираи маҳсулоти ғизоӣ, бунёдкорию созандагӣ, инчунин иҷрои саривақтии дигар дастуру супоришҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуданд.

Инчунин, лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани ­тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» фиристода шуд.

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаи қарорҳои Ҳукумат «Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии илмии «Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон», «Дар бораи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2021» ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2021»- ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ, кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосил, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, пешгирии болоравии нархи маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон, анҷоми амалҳои хайр дар ин моҳ, хусусан дастгирии эҳтиёҷмандону бепарасторон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj