Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№155 - 156 (4738 - 4739) 27.12.2023

53424068990_946c8a052c_o

27- уми декабри соли 2023 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст масъала — Дар бораи «Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024- 2026» ҳисоботи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024- 2026» таъмини эҳтиёҷоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағгузорӣ тавассути ҷалби маблағҳои қарзӣ бо хароҷоти камтарин дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо дараҷаи оқилонаи хавф, ташкил ва нигоҳдории бозори функсионалии қоғазҳои қиматнок равона гардида мебошад.

Баъди баррасии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки он тасдиқ карда шавад ва Вазорати молия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба амалисозии стратегияи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ва «Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024» ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

Сипас, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ»- ро баррасӣ карданд.

Дар кори маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳо «Дар бораи «Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040», «Дар бораи «Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029» ва «Дар бораи масъалаҳои банақшагирии воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардиданд.

Дар охири кори маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ барои иҷрои саривақтию босифати дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи босамари барномаву стратегияҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини тозагии экологии кӯчаю маҳалҳои зист, ҳифзи муҳити атроф ва ободонию кабудизоркунӣ дастур доданд. Супориш дода шуд, ки дар вақти ниҳолшинонӣ қад-қади шоҳроҳҳои автомобилгард аз ду тараф, бо ҷалби мутахассисони соҳа бо риояи тартиб ва технологияи парвариши ниҳолҳои ороишию сояафкан сабзонидани босифати дарахтонро таъмин намоянд.

Супоришҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистони солҳои 2023-2024, таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ҷамъбасти бобарори натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2023 дода шуд.