Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№108 (3093) 29.08.2013

1097161_523313341072190_1436279657_o

28 августи соли 2013 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис пешниҳоди чанд лоиҳаи қонун оид ба тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи роҳҳои мошингард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Дар бораи нақлиёт», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва ба кодексҳои андозу гумрук пешниҳод гардид.

1276256_523313334405524_235924400_o

Нақшаи генералии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд тасдиқ карда шуд.

Дар охири маҷлис ба масъулин доир ба омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи кофии озуқаворӣ ва маводи сӯхт барои мавсими сардӣ, омодасозии шабакаҳои нақлиётӣ, барқӣ, гармидиҳӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонии коммуналӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба истиқболи сазовори солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи арзишҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои солҳои истиқлолият ва тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносии мардум, хусусан ҷавонону наврасон дода шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамзамон ба омодагӣ ба оғози соли нави хониш ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани Рӯзи Дониш зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки оғози соли нави хониш дар тамоми мактабҳо ва муассисаҳои дигари таълимӣ бояд ба таври идона ва тантанавӣ бо шукуҳи хоса ба роҳ монда шавад.

 

www.prezident.tj