Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№10 (3490) 23.01.2016

1 (1)21 январи соли 2016 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2015 таҳлил ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2016 муайян гардиданд.

Маҷлиси васеи ҷамъбастӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, дигар мақомоти марказӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул доир шуд.

Зимни ҳисобот ва пурсишу посухҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади Буҷети давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2015 ҳисобот дод. Таъкид гардид, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллии кишвар мардуми Тоҷикистон бо амалӣ кардани як қатор тадбирҳо дар соли 2015 ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар соли 2015 ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 6 фоиз афзоиш ёфта, 48,4 миллиард сомониро ташкил дод. Дар ин давра барои дастгирии Буҷети давлатӣ 450 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ 15,7 миллиард сомонӣ ҷудо гардид. Давоми соли 2015 қисми даромади андози суғуртаи иҷтимоӣ 82 фоиз иҷро шуд, яъне 255 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нагардид. Бақияи қарзҳо ба ҳолати 1 декабри соли 2014 -ум 653 миллион сомониро ташкил дод.

Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар инчунин ҳисоботи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдусалом Қурбониён ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода шунида шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷро нагардидани дурнамои истеҳсоли пахта, ки яке аз роҳҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ аст, таъмин нагардидани нақшаи даромади андоз, ҷамъоварии ғайриқаноатбахши ҳаққи истифодаи неруи барқ изҳори нигаронӣ карда, супориш дод, ки назорат барои ислоҳи камбудиҳо пурзӯр карда шавад.

Дар робита ба пешгирии васлу насби дастгоҳҳои гуногуни худсохти гармидиҳанда ва истифодаи самараноки неруи барқ супориш дода шуд, ки то охири соли 2016 тамоми сохторҳои давлатӣ ба системаи гармидиҳанда пайваст карда шаванд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳо дар соли 2015 ҳисобот доданд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар бораи тадбирҳо вобаста ба беҳдошти низоми бонкдорӣ, қурби асъори миллӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода оид ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, таъсиси коргоҳҳои нав, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, раиси Ширкати саҳомии  холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода дар бораи вазъи энергетикии мамлакат, тадбирҳо вобаста ба пешгирии талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи барқ, ҳамчунин директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун» Хайрулло Сафарзода, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода гузориш доданд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар оид ба дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода ҳисобот доданд.

Барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва беҳдошти сатҳи хизматрасонии тиббӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

Дар қисмати дуюми маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Зимни ҳисоботи раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед таваҷҷуҳи зиёд ба масоили бунёдкорию созандагӣ, ободонӣ ва хусусан ба барқарорсозии хонаҳои аҳолӣ ва иншооти иҷтимоию зербиноии аз заминларзаи шадиди моҳи декабри соли гузашта осебдида зоҳир гардид.

Ҳамчунин дар назди масъулин доир ба вусъат додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти сершуморе, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ин вилояти дурдаст аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд меёбанд, вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Дар ҷараёни ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз кам шудани майдони кишти пахта ва ҳосили ин зироати асосии соҳаи кишоварзӣ изҳори нигаронӣ карда шуд. Аз ҷониби раиси вилоят зикр гардид, ки соли равон ин камбудӣ бартараф карда мешавад. Аз субвенсияи давлатӣ баромадану ба худтаъминкунӣ гузаштани шаҳри Норак ва ноҳияи Ховалинг натиҷаи арзишманди фаъолият дар соли 2015 номида шуд.

Зимни ҳисоботи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таваҷҷуҳи зиёд ба рушди саноат ва ҳунарҳои хонагии мардумӣ зоҳир гардид. Аз ҷумла зикр гардид, ки рушди саноат дар соли 2015-ум ба 122 фоиз баробар шуд ва 136 маркази қолинбофӣ ва адрасбофию атласбофӣ таъсис дода шуд.

Тавре зикр гардид, давоми соли 2015 ислоҳоти замин дар вилояти Суғд ба поён расида, дар заминаи хоҷагиҳои калони кишоварзӣ 42 ҳазор хоҷагии хурди деҳқонӣ таъсис дода шуд.

Аз ҳисоботи раиси вилояти Суғд бармеояд, ки дар давоми соли 2015 бо харҷи 90 млн. сомонӣ ҳолати 6300 км роҳҳои мошингард беҳтар карда шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни пешниҳоди ҳисоботаш зикр кард, ки рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт дар соли 2015 ба андозаи 110 фоиз таъмин гардид. Давоми соли 2015 дар шаҳри Душанбе 83 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 2883 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.

Ба раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ доир ба афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ дар бахшҳои картошкапарварӣ, боғутокпарварӣ, сабзавоткорӣ, аз ҷумла бунёди гармхонаҳо ва вусъат додани истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ ва ҳамчунин доир ба ҷоннок намудани корҳо дар дигар самтҳои фаъолият супоришҳои мушаххас дода шуд.

Зимни ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф вазъи ҷиноӣ дар мамлакат мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба оқибатҳои ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону наврасон ва ба ҷараёнҳои ифротию террористӣ гаравидани қисмате аз ин табақаи аҳолӣ, ки аз ҷониби гумоштагони ҳизбу ҳаракатҳои ҷиноятпеша ҳадафмандона гумроҳ карда мешаванд, зоҳир гардид.

Мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодию коррупсионӣ, пешгирӣ аз истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунӣ тасарруф шудани маблағҳои буҷетӣ низ аз бахшҳои муҳими ҳисоботи прокурори генералӣ буд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, вазифаҳои аввалиндараҷа ва ҳалталаби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2016 мушаххас намуд.

Бори дигар таъкид гардид, ки барои коҳиш додани таъсири омилҳои манфии беруна ба ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони азиз ва таъмини рушди босуботу бонизоми сарзамини аҷдодӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда ва неруи бузурги мардуми шарифи кишвар пурсамар истифода бояд бурд.

www.president.tj