Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№16 (4599) 25.01.2023

52646354909_7b78ffc1e9_o24-уми январи соли 2023 дар бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он роҳбарият ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, кумитаҳо ва агентиҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Зимни маҷлис натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2023 муайян карда шуданд. Нахуст ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2022 шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, соли 2022 барои мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилиҳои ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвари мо соли бобарор ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.

Дар ин давра аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул гардидани Қатънома дар бораи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва санаи 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии ­пиряхҳо», ки панҷумин ибтикори дар сатҳи ҷаҳон эътирофгардидаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра ба ҳисоб меравад, ҳамчун яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Бино ба маълумоти Сарвазири мамлакат, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 115,7 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиш таъмин карда шуд. Сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021-ум 3,8 банди фоизӣ кам мебошад. Соли 2022 ба қисми даромади умумии буҷети давлатӣ 36,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли ҳисоботӣ дар кишвар 487 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид.

Зикр шуд, ки бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳоло дар соҳа лоиҳаҳо ба маблағи 17 миллиард сомонӣ дар марҳилаи татбиқ қарор дорад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат нисбат ба соли 2021-ум 776 миллион киловатт — соат ё 3,8 фоиз зиёд гардид.

Инчунин, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 49,3 миллиард сомониро ташкил дода, суръати рушди он нисбат ба соли 2021 ба 108 фоиз баробар гардид.

Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуд.

Маълумот  дода шуд, ки соли 2022 нисбат ба соли 2021 ба кишвар 1,9 баробар зиёд сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳибкорон ва аҳолӣ додашуда 14,4 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021-ум 700 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 16,3 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум11,4 фоиз зиёд аст. Татбиқи 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ дар соҳаи нақлиёт имкон дод, ки рушди соҳа таъмин гардад ва дар натиҷа соли сипаришуда тавассути ҳама гуна нақлиёт 103,4 миллион тонна бор ва 818,6 миллион нафар мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба соли 2021 мутаносибан 26 ва 11 фоиз зиёд мебошад.

Соли 2022 ҳаҷми умумии гардиши савдо 47,6 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021-ум 11,2 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ соли 2022 ба 18,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 16 фоиз зиёд мебошад.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имконият фароҳам оварданд, ки дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2021-ум 15 фоиз афзоиш ёбад.

Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи маориф беш аз 6,4 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 14,3 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра бо мақсади рушди инфрасохтори соҳа 221 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф кардани мушкилоти мавҷуда соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 2,6 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 13 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ­маблағҳои буҷетӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ барои кумакпулии унвонии иҷтимоӣ 116 миллион сомонӣ равона гардида, ба 31 ҳазор нафар, аз ҷумла 9,5 ҳазор нафар кӯдакони ниёзманд, хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шуданд.

Дар соли ҳисоботӣ дар мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 190 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода низ шунида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави кор, беҳтар намудани маъмурикунонии андозу хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба муқаррароти нави қонунгузории андоз, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохту густариши раванди рақамикунонӣ ва дигар тадбирҳои андешидашуда дар соли 2022 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 15 миллиарду 386,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 594,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 107,7 фоиз, вилояти Хатлон — 102,8, вилояти Суғд — 105,4, шаҳри Душанбе — 100,4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 100,4 фоиз таъмин карда шуд.

Доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумруку андоз, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баъди шунидани ҳисоботи роҳбарияти онҳо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, бартарафсозии қарзҳои андоз, пардохти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявӣ дар ин соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Юсуф Раҳмон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода доир ба фаъолияти мақомоти назоративу санҷиш дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи мамлакат ҳисобот доданд.

Дастур дода шуд, ки мақомоти прокуратура, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории мамлакат оид ба истифодаи замин, танзими ҷашну маросим ва дигар соҳаҳо тадбирҳои саривақтӣ ва бетаъхир андешанд.

Ҳамчунин, ҳисоботи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода шунида шуд. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади ҷалби бештари сармоягузорӣ, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сармоягузории он дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ 25 форуму ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон, минтақаҳои Суғд, Хатлон ва Кӯлоб, бо иштироки сармоягузорону соҳибкорони дохилию хориҷӣ ташкил ва баргузор гардиданд, ки дар доираи онҳо беш аз 100 санаду созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 32 миллиард сомонӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ба имзо расид.

Дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ва раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати пулию қарзӣ ҳисобот доданд.

Ба роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои давлативу саҳомӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, хусусан сармояи мустақим, устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, афзун намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ ва ба шакли пурраи электронӣ гузаронидани муносибатҳои молиявию бонкӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир зимни гузориш қайд кард, ки эълон намудани солҳои 2022 – 2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» барои амалишавии раванди саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи устувор гузошт.

Бино ба маълумоти ӯ, соли 2022 дар кишвар корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси беш аз 6 ҳазор ҷойҳои нави кор мавриди истифода қарор дода шуда, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 15,4 фоиз афзоиш ёфт.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои навро ҷиҳати татбиқи амалии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ҷалби сармоя барои ҳалли мушкилоти корхонаву коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, коркарди ниҳоии ашёи хом дар дохили мамлакат ва рушди саноати нассоҷию дӯзандагӣ дар Тоҷикистон вазифадор карданд.

Ба вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, директори генералии Ҷамъияти саҳомии Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода, сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика Ғолиб Убайдуллозода ва роҳбарони ширкатҳои соҳа вобаста ба вусъати корҳои сохтмону навсозӣ дар иншооти энергетикии мамлакат, пешгирӣ аз талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, бартараф кардани қарздорӣ дар ташкилоту идораҳои соҳа ва вусъати корҳои сохтмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда барои сохтмону навсозии иншооти энергетикӣ ва иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар онҳо, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода оид ба истифодаи мақсадноки заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, рушди соҳаи парандапарварӣ, чорводорӣ, зотпарварӣ, моҳипарварӣ, зироату саб­завоткорӣ, растанипарварӣ, коркарди саривақтии замин ва истифодаи тухмиҳои хушсифат, инчунин истифодаи нуриҳои минералӣ ҳисобот дод.

Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром барои беҳтар гардонидани вазъи таълиму тарбия, таъмини рушди устувори соҳаи маориф ва бунёди мактабҳои наву замонавӣ вазифадор карда шуданд.

Сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, аз ҷумла барои беҳтар кардани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар ҳама минтақаи кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст, якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ҳисобот дод.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Сулаймон Давлатзода оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 ҳисобот доданд ва аз ҷониби Роҳбари давлат дар назди сохторҳои мазкур барои дар соли минбаъда амалӣ кардани тадбирҳо ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар ­рӯҳияи ватандӯстӣ, рушди соҳаи варзиш, ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар дар самти танзими расму оин ва ҷашну маъракаҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Дар маҷлиси Ҳукумат, ҳамчунин, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдуҷаббор Юсуфзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода оид ба ҳифзи олами ҳайвоноту наботот ва пешгирию бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ супориш гирифтанд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ зимни ҳисоботи худ изҳор доштанд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат дар соли сипаригашта корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома ёфта, 708 иқдоми созандагӣ, аз ҷумла бунёди 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурус­тӣ, 74 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 16,3 километр роҳ, 11 бинои маъмурӣ, 23 иншооти баландошёна бо 28 маркази хизматрасонӣ, 8 иншооти варзиш, рангубори 146 бино ва як қатор корҳои дигар бо таъсиси беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор амалӣ карда шуд.

Ба маълумоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2022 нисбат ба соли қаблӣ дар пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 110 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 2 баробар, гардиши савдо 109 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 126 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 103 фоиз, боркашонӣ 1,7 баробар ва мусофиркашонӣ 109 фоиз афзоиш ёфтааст.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2022 ҳисобот доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати густариш бахшидани раванди омодагӣ ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат», ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар охири кори маҷлиси васеи Ҳукумат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияву татбиқи нақшаи чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти соҳаҳо ва минтақаҳои кишвар, дарёфти роҳҳои пешгирӣ ва кам кардани таъсири омилҳои манфии берунӣ, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, зиёд кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ, хусусан ҷиҳати худтаъминкунӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ҳузури иштирокчиён суханронӣ карданд.

Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти мамлакат гузошташударо таъмин намоянд.

Таъкид гардид, ки соли 2022, бо вуҷуди мураккаб гардидани вазъи геосиёсиву иқтисодии ҷаҳон, дар натиҷаи амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва андешидани тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронӣ вобаста ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ, рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карданд, ки бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин кардани рушди иқтисоди кишвар фаъолиятро вусъат бахшанд.

52646565748_20bce8a76b_oДар ин самт зарур аст, ки ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кори нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Илова бар ин, вазорату идораҳо вазифадор гардиданд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои пурраи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии соҳавию минтақавӣ ва бартараф кардани камбудиҳои дар татбиқи онҳо ҷойдошта тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Дар баробари ин, бояд дар самти беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин афзоиши ҳаҷми истеҳсоли молҳои рақобатноки содиротӣ ва ивазкунандаи воридот, мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Вазорати молия ва Кумитаи андоз вазифадор карда шуданд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷети давлатиро дар соли 2023 таъмин намоянд.

Илова бар ин, ба Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати дарёфти захираҳои нави молиявӣ ва ҷалби пурраи манбаъҳои даромад ба буҷети давлатӣ, инчунин, коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва пешгирӣ кардани пайдоиши бақияпулиҳои нав, тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ба Вазорати молия, ҳамчунин, зарур аст, ки ҷиҳати таъмини саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, хусусан дар самти пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа, ҷубронпуливу кумакпулиҳо ва беҳтар гардонидани хизмат­расониҳои тиббӣ чораҳои таъхирнопазир андешида, нақшаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро таъмин намояд.

Бо мақсади ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи мардум соли ҷорӣ баланд бардоштани музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, нафақа ва стипендияҳо, инчунин зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ба нақша гирифта шудааст.

Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳоро вазифадор карданд, ки иҷрои саривақтӣ ва пурраи иқдоми мазкурро таъмин намоянд.

Дар робита ба камбудиҳо дар самти хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ ва риояи қатъии интизоми молиявӣ вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар ташкилотҳо вазифадор гардиданд, ки камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро ҳар чӣ зудтар бартараф карда, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва шаффофияти хароҷоти онҳоро таъмин намоянд.

Бонки миллӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати беҳтар намудани раванди қарздиҳӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба ноҳияҳои дурдасти кишвар, тавсеаи фарогирии минтақаҳо ва дастгирии соҳибкорони хурду миёна, бахусус дар соҳаҳои соҳибкории истеҳсолӣ ва кишоварзӣ чораҳои иловагӣ андешад.

Бори дигар таъкид гардид, ки Бонки миллӣ якҷо бо вазорату идораҳои марбута ҷиҳати рушди низоми пардохт ва ба низоми ғайринақдӣ гузаронидани соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ, бо истифодаи воситаҳои электронии пардохт қабул кардани боҷу андозҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет тадбирҳои фаврӣ андешад.

Инчунин, Бонки миллӣ бояд якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ рушди истифодаи технологияҳои рақамии муосир ва рақамикунонии пурраи амалиёти бонкиро дар кишвар таъмин намояд.

Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми сармоягузориҳо ба иқтисоди миллӣ, хусусан ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ, тадбирҳои судманд андешанд.

Намояндагиҳои дипломатӣ ва тиҷоратӣ дар хориҷи кишвар низ вазифадор шуданд, ки бо мақсади ҷалби сармояи мустақим ба иқтисоди миллӣ ба сармоягузорони хориҷӣ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистонро мунтазам муаррифӣ карда, фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намоянд.

Ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ мавҷуда, аз ҷумла дар самти истифодаи мақсаднок ва шаффофи маблағҳо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ вазифадор шуданд, ки татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳоро таъмин карда, вобаста ба бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки гарчанде соли 2022 дар натиҷаи ба истифода додани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2021-ум15,4 фоиз зиёд шудааст, аммо барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат сатҳи он бояд боз ҳам афзоиш дода шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор карданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 26 фоиз расонидани ҳиссаи соҳаи саноат ва то соли 2026 ба 95 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҳсулоти соҳа бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо рушди саноатро дар минтақаҳои кишвар тақвият бахшида, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок дар корхонаҳои истеҳсолии кишвар чораҷӯӣ намояд.

Инчунин, якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, бахусус бо сармоягузорони ватанӣ, барои ҳалли мушкилоти корхонаву коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда, дарёфти имкониятҳои аз нав таҷҳизонидан ва барқарор намудани фаъолияти онҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади истифодаи пурраи имкониятҳои кишвар дар самти рушди саноати сабук стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷиро таҳия ва татбиқ намояд.

Инчунин, якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати дар се соли минбаъда дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бунёд кардану ба кор андохтани маҷмааҳои коркарди ниҳоии нахи пахта чораҳои саривақтӣ андешад.

Ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсолгардидаи кишвар чораҷӯӣ карда, ба корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ мусоидат намояд.

Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷиҳати ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя ва ташкили корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди онҳо барои истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда чораҳои иловагӣ андешанд.

Зикр гардид, ки дар соли ҳисоботӣ истеҳсоли алюминийи аввалия 62 ҳазор тоннаро ташкил кард, ки нисбат ба соли гузашта ҳамагӣ 1,5 ҳазор тонна ё 2,5 фоиз зиёд мебошад. Аз ин рӯ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва роҳбарияти «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз Роҳбари давлат супориш гирифтанд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ барои барқарор кардани иқтидорҳои истеҳсолии ширкат ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Барои таъминоти хонандагони мактаб­ҳои мамлакат бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати боз ҳам зиёд кардани истеҳсоли либоси мактабии босифат ва бо нархи дастрас тадбирҳои қатъиро роҳандозӣ намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ ба 21,4 миллиард киловатт/соат расонида шуд, ки ин нишондиҳандаи баландтарини даврони соҳибистиқлолӣ ва дастоварди назаррас мебошад.

Ҳамчунин, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта Роҳбари давлат роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-ро вазифадор карданд, ки барои татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ чораҷӯӣ намуда, якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷамъоварии саривақтии маблағи неруи барқро аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо таъмин намоянд.

Ҳамчунин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об супориш дода шуд, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёду таҷдиди иқтидорҳои энергетикии кишвар, татбиқи лоиҳаҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои офтобӣ, шамолӣ ва дигар манбаъҳои алтернативӣ, инчунин лоиҳаҳои баланд бардоштани самаранокии низоми истифодаи неруи барқ дар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, чораҳои дахлдор андешад.

Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва дигар вазорату идораҳо ҷиҳати ҷорӣ кардани стандартҳои самаранокии энергия ва сарфаи он ҳангоми бунёду навсозии иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ бо риояи принсипҳои «иқтисоди сабз» тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намояд.

Зарур шуморида шуд, ки Вазорати энергетика ва захираи об якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав имконияти ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии панелҳо ва таҷҳизоти офтобиро дар дохили кишвар омӯхта, истеҳсоли ватании ин навъи маҳсулотро ба роҳ монанд.

Инчунин, таъкид гардид, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об якҷо бо ШСХК «Барқи Тоҷик», ҷамъиятҳои саҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва вазорату идораҳои марбута иҷрои нақшаи чорабиниҳоро оид ба сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи боқимондаи зимистони соли 2023 таъмин намояд.

Барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин кардани амнияти озуқавории кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати кишоварзиро вазифадор карданд, ки якҷо бо Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтору мақомоти дигар ба ­масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии баландсифат ва ба иқлим мутобиқ диққати аввалиндараҷа диҳад.

Инчунин, дар ҳамкорӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳоро ҷиҳати иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, васеъ намудани майдони кишти такрорӣ, аз заминҳои обӣ гирифтани 3 — 4 ҳосил, ташкили гармхонаҳои муосир бо технологияҳои пешқадам, риояи қоидаҳои агротехникаи парвариш ва сари вақт ба роҳ мондани кишт тақвият бахшад.

Инчунин, Вазорати кишоварзӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза ҷиҳати ҷоннок кардани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ, зотпарварӣ ва ниҳолпарварӣ, ташкил ва барқарорсозии сардхонаҳо чораҳои зарурӣ андешад.

Дар баробари ин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки корҳоро ҷиҳати ба фаъолият шурӯъ кардани Ҷамъияти саҳомии «Азот» тақвият бахшида, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ, аз ҷумла нуриҳои биологӣ дар дигар минтақаҳои кишвар ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании нисбатан арзон, вусъат бахшад.

Ҳамчунин, зарур шуморида шуд, ки роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар самти ислоҳи камбудиҳо оид ба риояи қонунгузории замин ва иҷрои нақшаи дурнамои кишти зироатҳо чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешанд.

Вобаста ба таҳлили ваъзи бозори истеъмолии кишвар Роҳбари давлат ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ супориш доданд, ки сабабҳои коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли ордро дар соли ҳисоботӣ ҳамаҷониба омӯхта, аз натиҷааш ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Зарур дониста шуд, ки роҳбарону мутахассисони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мониторинги нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалро дар бозори дохилӣ мунтазам гузаронида, болоравии беасоси онҳоро пешгирӣ намоянд ва барои сари вақт бартараф кардани мушкилоти бамиёномада, бахусус рақобати носолим дар байни истеҳсолкунандагони соҳа, тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Ба Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии омор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо назорати истифодаи самараноки имтиёзҳои андозиву гумрукӣ аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолӣ, дурустии пешниҳоди маълумоти оморӣ, риояи қонунгузории амалкунанда дар самти ҳисоботдиҳӣ ва баҳисобгирии муҳосибиро ҷиддӣ ба роҳ монанд.

Бо мақсади дар бозори дохилӣ муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти сӯзишворӣ ва озуқаворӣ Вазорати энергетика ва захираҳои об якҷо бо Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳан» ва ассотсиатсияҳои воридкунандагони ғалла, маҳсулоти нефтӣ ва гази моеъ вазифадор шуданд, ки барои таъмин кардани талаботи кишвар ба маҳсулоти зарурӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Баъд аз таҳлили гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки нишондиҳандаҳои содироти мамлакат ҳоло ҳам дар сатҳи паст қарор доранд. Бинобар ин, супориш доданд, ки дар самти мазкур аз ҷониби вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Инчунин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки доир ба ҳалли масъалаи шомил шудани Тоҷикистон ба Низоми умумии бархӯрдории тиҷорати Иттиҳоди Аврупо ва истифода аз имтиёзҳои он чораҳои таъхирнопазирро роҳандозӣ намояд.

Барои беҳтар кардани сифати хизмат­расониҳо дар соҳаи алоқа, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст, Хадамоти алоқа вазифадор гардид, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ҳамчунин, аз ҷониби Роҳбари давлат идома додани ислоҳоти соҳаи авиатсияи гражданӣ зарур шуморида шуд.

Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар сатҳи мутобиқ ба талаботи муосир тайёр кардани омӯзгорон ва ба ин восита пурра бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор тавассути пешниҳоди имтиёзҳо, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳо, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ чораҳои қатъӣ андешад.

Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти вазъи қабули довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Маркази миллии тестӣ ва дигар сохтору мақомоти марбута вазифадор шуданд, ки корро вобаста ба тарғибу ташвиқи ихтисосҳои ин зинаҳои таҳсилоти касбӣ ва бо ин роҳ ҷалб кардани довталабон ба самтҳои омӯзгорӣ ва техникӣ ҷоннок намоянд.

Инчунин, зарур шуморида шуд, ки заминаи моддиву техникӣ ва кадрии муассисаҳои зикршударо мустаҳкам намуда, барои таъмини донишҷӯён бо ҷойи зист чораҳои муассир андешанд.

Ба вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти касбӣ доранд, супориш дода шуд, ки ҷиҳати омода кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, хусусан донандагони асосҳои технологияи рақамӣ чораҷӯӣ намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ кардани нақшаву барномаҳои таълимӣ ва дар ин замина омода кардани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат дар самти таҳсилоти олии касбӣ мебошад ва вобаста ба ин Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар вазифадор карда шуданд, ки тибқи нишондиҳандаҳои дурнамои тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳо муассисаҳоро давра ба давра бо омӯзгорони дараҷаи илмидошта таъмин намоянд.

Роҳбари давлат, инчунин, таъкид намуданд, ки қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ барои соли таҳсили 2022 — 2023 нисбат ба соли 2021-ум 2950 нафар ё 10,3 фоиз кам шудааст.

Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд ва Маркази миллии тестӣ вазифадор шуданд, ки бо мақсади ҷалби довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тарғибу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни хатмкунандагон дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати бозбинии маблағи шартномаи муассисаҳо ва бо ҷойи хоб таъмин кардани донишҷӯёни минтақаҳои дурдаст чораҳои фаврӣ андешанд.

Барои ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳанӯз мавҷудаи соҳаи тандурустӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корро ҷиҳати тибқи талабот ба ҷойи кор фиристодани хатм­кунандагони муассисаҳои соҳа ва фароҳам овардани шароити корӣ барои онҳо, хусусан дар минтақаҳои дурдаст, тақвият бахшад.

Инчунин, дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута бо мақсади пешгирии аз кор рафтани кормандони тиб ва иваз намудани самти фаъолият вобаста ба ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақоми табибон чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Илова бар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ минбаъд низ чораҷӯӣ намояд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Роҳбари давлат бармеоянд, ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки намояндагони ба шаҳру ноҳияҳо вобасташудаи Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ назоратро ҷиҳати вусъат додани бунёду таҷдиди иншооти ба нақша гирифташуда, суръат ва сифати корҳои сохтмон, инчунин ҳолати нигоҳдорӣ ва истифодабарии минбаъдаи онҳо ҷоннок намоянд.

Ба Кумитаи рушди маҳал супориш дода шуд, ки ҳолати воқеии истифодаи иншооти дар шаҳру ноҳияҳо бунёдшударо мавриди таҳлил қарор дода, доир ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намояд.

Илова бар ин, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки бо истифода аз тамоми иқтидорҳои мавҷуда барои амалисозии нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ ва маҳаллии худ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.

Роҳбари давлат такроран таъкид карданд, ки бо дарназардошти мураккабу вазнин ва хатарзо пешгӯӣ гардидани солҳои дарпешистода роҳбарону масъулон, тамоми хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд ба мардум фаҳмонанд, ки вобаста ба вазъияти зикршуда сарфаю сариштакор бошанд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки ба истифодаи самараноку оқилонаи обу замин, боз ҳам баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла картошка, шолӣ, инчунин пахта, эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода шавад.

Дар ин раванд, иҷрои нақшаи татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии ­босуръат, таҳкиму тавсеаи иқтидори содиротии кишвар ва ҷалби сармояи мустақим ҳамчун вазифаҳои муҳимтарин бояд дар маркази диққати роҳбарону масъулон қарор дошта бошанд.

Масъулин, инчунин, вазифадор гардиданд, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишварро оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра бо ташаббуси Тоҷикис­тон аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пир­яхҳо» эълон шудани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо»-ро ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ намоянд.

Дар ин раванд, ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, фарҳанг ва дигар вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки ба конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳамаҷониба омодагӣ бинанд.

Супориш дода шуд, ки ба масъалаи ободу сабзкории пойтахт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва суръат бахшидани ободкориву созандагии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат эътибори боз ҳам бештар дода шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати барқарор кардани заминҳои кишти аз сардиҳои гузашта зарардида, аз ҷумла майдонҳои кишти картошка ва пиёз, омодагӣ ва сари вақт оғоз кардани кишти баҳорӣ, самараноку оқилона истифода бурдани замин, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, азхудкунии заминҳои нав, ба гардиш ворид намудани заминҳои боир, тезонидани маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва иҷрои дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ супориш доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки аъзои Ҳукумат, роҳбарони дигар сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳои дар маҷлиси имрӯза зикргардида ва супоришу вазифаҳои гузошташуда масъулияти шахсӣ доранд.

Роҳбари давлат хотирнишон карданд, ки ҳар яки мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.

www.president.tj