Ҳабдаҳуми апрели соли 2015 дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.
Зимни шинос намудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки маҷмаа аз як бинои 30-ошёна ва ду бинои 25-ошёна иборат буда, барои Хадамоти алоқа, идораҳои марказии ҶСК «Тоҷиктелеком» ва КВД «Почтаи Тоҷик» пешбинӣ шудааст. Тибқи нақшаҳои пешакӣ, идораҳои марказии тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҳам хусусии соҳаи алоқа метавонанд дар ин ҷо ҷойгир шаванд ва ё намояндагиҳои худро боз кунанд.
Дар панҷ ошёнаи аввали биноҳо ҷойгир намудани марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст, ки дорои даҳҳо ҷойи корӣ хоҳанд буд. Дар вақти сохтмони ин биноҳо беш аз 600 нафар бинокорон бо кор таъмин мешаванд, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.
Дар се ошёнаи зеризаминии бино барои қариб 400 автомашина истгоҳ пешбинӣ шудааст.
Ин маҷмааи зебою муҳташам дар давоми се сол бо харҷи беш аз 630 миллион сомонӣ сохта хоҳад шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти он ки ин маҷмаа дар паҳлуи майдони марказии пойтахт ҷойгир аст, барои боз ҳам зебою дилоро ва ба талаботи муосири шаҳрсозӣ мутобиқ намудани он ба масъулин дастур дод, ки лоиҳаи сохтмони биноҳои мазкур аз нав такмил дода шавад.
www.president.tj