Ин сухане буд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шудан гуфта буданд. Ин суханон замоне аз забони Эмомалӣ Раҳмон садо дод, ки на ҳама масъулияти роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта метавонист. Замоне буд, ки аҳолии кишварро ҳисси яъсу ноумедӣ фаро гирифта буд ва кам нафарон ба ояндаи шукуфони кишвар боварӣ доштанд. Ин суханҳо умед ва боварии шаҳрвандонро ба ояндаи дурахшони Ватан ва зиндагии саодатмандона зинда кард.
Воқеан, сулҳу субот дар кишвар бо осонӣ ба даст наомадааст. Дар ин раванд саҳми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир ба нақши Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ андешаҳояшро чунин баён кард:
- Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ рӯи саҳнаи сиёсии кишвар неруҳое омаданд, ки барои қудратро ба даст овардан Тоҷикистонро ба ҷанги ҳамватанӣ кашиданд.
Хисороти ҷанг ба кишвар беш аз 7 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Бисёр деҳаҳои ҷануби кишвар ба харобазор табдил ёфтанд, ҳазорон манзил, роҳу кӯпрукҳо, биноҳои маъмурӣ, муассисоти маориф, фарҳанг ва тиб вайрон шуд. Теъдоди паноҳандагон дар кишвар ба 850 ҳазор нафар расид. Аз ин 600 ҳазор нафар дар дохили ҷумҳурӣ ҷои зисти хешро тағйир дода, 60 ҳазор нафар ба Афғонистон, 195 ҳазор нафар ба Россия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва мамолики дигар фирорӣ шуданд.
Вазъ дар пойтахт ноором буд. Нақлиёт аҳён-аҳён ба чашм мерасид. Баъд аз ғуруби офтоб дар кӯчаҳо касеро дидан амри маҳол буд. Бозорҳо холӣ, нархҳо рӯз то рӯз боло мерафтанд. Пул беқурб мешуд. Силоҳ дар дасти мардум чизи муқаррарӣ буд. Роҳзанӣ ғорат ва дуздӣ авҷ мегирифт. Бошандагони пойтахт тӯю ҷашнҳояшонро дар хонаҳо бе суруду мусиқӣ мегузарониданд.
Фардои миллат тираву фоҷиабор буд. Бисёр таҳлилгарон ба мавҷудияти минбаъдаи давлат дар харитаи сиёсии ҷаҳон бовар надоштанд. Замоне ки вакилони Шӯрои Олӣ, дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ, Сарвари давлат интихоб намуданд, ӯ баъд аз ёд кардани савганд ва бӯсидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбар чунин гуфта буд: «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ҳангоми интихоби кадрҳо кӯшиш мекунам, ки намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шомил шаванд. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам».
Эмомалӣ Раҳмон рисолати бузургеро бар дӯши хеш гирифтанд, хуб фаҳмиданд, ки иҷрои рисолати мазкур ҷасорату фидокорӣ, бурдборию қотеиятро тақозо дорад. Вале ба он омода буданд. Суханрониашон ҳангоми иҷлосияи Хуҷанд гувоҳи ин гуфта аст. Муътақидем, ки агар Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат намеомаданд, сулҳи пойдор ва ваҳдату ягонагӣ ҳам муяссар намешуд. Зеро ҳар як сиёсатмадор вобаста ба неруи зеҳнӣ боз хусусиятҳои хосе дорад, ки он ба сиёсату кори давлатӣ таъсир мерасонад.
Сарвари давлат назди мардум, ба нуқтаҳои доғ зиёд рафтанд. Ба хориҷа сафар карда, бо ашхоси соҳибобрӯи мамлакатҳои гуногун мулоқот анҷом доданд. Дар ҳама ҷо мақсади роҳбарияти нави кишварро шарҳ дода таъкид карданд: «Мо барои музокирот бо ҳамаи неруҳое, ки умеди раҳонидани Тоҷикистонро аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ доранд, омода ҳастем».
Иқдомҳои мазкур гувоҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои Сарвари давлат интихоб гардидан мухолифи зӯроварӣ ҳамчун василаи рафъи муноқишаҳои сиёсӣ буданд. Ин тасмимро касе мегирад, ки ба дараҷаи баланди хираду заковати давлатдорӣ расида, ба қудрату матонат ва мавқеаш итминон дорад.
Ҳамин тавр, музокирот миёни тарафҳо зиёда аз се солро дар бар гирифта, 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хотима ёфт. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдаҳои додаашон вафо карданд: гурезаҳоро бозгардониданд, ҷангро хотима бахшиданд, давлати демократию ҳуқуқбунёд эъмор намуданд.
Таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон моро ба хатарҳои нав мувоҷеҳ намудааст. Аз ҷумла ҷаҳонишавӣ баробари таъсири мусбат, пайомадҳои манфӣ низ дорад. Терроризму экстремизм низ таҳдиди ҷиддӣ ба арзишҳои миллӣ ва давлатдории муосир аст.
Дастаҳои хуношоми террористӣ дар Сурияву Ироқ иддае аз ҷавонони ноогоҳи моро низ бо шиорҳои дурӯғин ба сафҳои хеш ҷалб намудаву онҳо «дар роҳи Ислом ҷиҳод» мекунанд. Бехабар аз он ки бозичаи дасти абарқудратҳои ҷаҳонӣ буда, барои амалӣ сохтани ниятҳои пасипардагии эшон дар набарданд.
Бояд ҷомеаро аз ин хатарҳо эмин дорем. Василаи аз ҳама қавӣ дар муқобили чунин хатарҳо ваҳдати миллист. Ваҳдати миллӣ тавассути худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими эҳсоси ватандорӣ ба даст меояд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар ин роҳ талош кунад. Дониш омӯзад, таърихи миллатро аз бар кунад, аз ислом, техникаву технология бохабар бошад, равандҳои ҷаҳони муосирро сарфаҳм равад. Аслан адлу инсоф, таҳаммулгароӣ, демократияву қонуният мафҳумҳои ба ҳам наздиканд. Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадоре мебошанд, ки садоқаташонро ба ин арзишҳо собит кардаанд. Маҳз ин сиёсат кафили оромию осудагии ҷомеа маҳсуб мешавад.
Таҳияи Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»