Суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
11 сентябри соли 2018
Ҳамватанони гиромӣ!
Мулоқоти навбатии мову шумо ба рӯзҳои солгарди бистуҳафтуми Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон мувофиқ омад.
Ду рӯз пеш дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз, ба ифтихори ин ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ тантанаҳои идона баргузор гардиданд.
Бо истифода аз фурсат, тамоми сокинони заҳматкашу меҳмоннавоз ва адабпарвару фарҳангдӯсти ноҳия ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба ин муносибат, инчунин, ба ифтихори дар маркази ноҳия парафшон гардидани Парчами давлати соҳибистиқлоламон табрик гуфта, бароятон тансиҳативу сарбаландӣ ва рӯзгори пурсаодат орзу менамоям.
Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бебаҳоест, ки сарнавишти халқамон ва ояндаи давлатдории миллии моро муайян намуд ва ҳамзамон бо ин, имконият фароҳам сохт, ки мо забону фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои аҷдодиамонро эҳё намоем ва барои рушди минбаъдаи онҳо заминаҳои мустаҳкам гузорем.
Бинобар ин, ҳар як фарди бонангу номус бояд дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша талош варзад, барои ободу зебо ва пешрафта гардонидани диёри худ ва ба кишвари тараққикарда табдил додани Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошад.
Ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳоти мамлакат барои истиқболи шоистаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёдкориву ободонӣ вусъат гирифтааст ва бовар дорам, ки мардуми заҳматдӯсти ноҳияи Дарвоз низ дар ин раванди неки ободкорӣ аҳлона иштирок намуда, барои боз ҳам пешрафта гардонидани диёри зебоманзари худ саъю талоши бештар мекунанд.
Дар маркази ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз, бунёд гардидани майдони Парчами давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо мебошад, самараи истиқлолияту озодии кишвари азизамон буда, бо парафшон шудани он ҳисси ватандӯстиву ифтихори ватандории мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон, тақвият меёбад ва боиси боз ҳам мустаҳкам шудани иттиҳоду сарҷамъии миллатамон мегардад.
Бунёди майдони Парчами давлатӣ, ки бо риояи санъати баланди меъмории муосир амалӣ гардидааст, туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони сарбаланди ноҳияи Дарвоз ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Имрӯз мо, ҳамчунин, дар маркази ноҳия дар маросими ба истифода супоридани биноҳои нави шуъбаи маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ширкат кардем, ки дар онҳо тамоми шароити замонавӣ муҳайё карда шудааст.
Вобаста ба ин, мехоҳам як масъаларо ёдовар шавам, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ баъзе ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон биноҳои маъмурӣ надоштанд.
Бинобар ин, баробари фароҳам омадани имконияти молиявӣ солҳои охир аз ҳисоби буҷети давлат дар маркази қариб ҳамаи ноҳияҳои вилоят илова ба бунёди иншооти таъиноти гуногун, инчунин, биноҳои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар баробари ин, зарур аст, ки барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои тасдиқкардаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати бунёди иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмиру тармими роҳҳо, беҳтар намудани ҳолати обтаъминкунии аҳолӣ ва хоҷагиҳо, таъсиси инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва дар маҷмӯъ, ба хотири таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла соҳибкорону шахсони саховатманд, сафарбар карда шаванд.
Таъкид месозам, ки иҷрои ин корҳо, дар навбати аввал, аз қобилияти ташкилотчигии масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоатҳо, азму талош ва заҳмати софдилонаи тамоми сокинони ноҳия вобаста мебошад.
Мардуми Дарвоз бисёр олиҳиммат мебошанд ва дар ноҳия соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд низ кам нестанд.
Илова бар ин, дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2015 – 2019» татбиқи 217 лоиҳа ба маблағи қариб 200 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки чоряк ҳиссаи он барои беҳдошти инфрасохтори ноҳия равона шудааст. Вале то имрӯз ҳаҷми иҷрои барнома ҳамагӣ 24 фоизро ташкил медиҳад.
Бинобар ин, аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тақозо мегардад, ки барои иҷрои саривақтӣ ва босифати барнома чораҳои иловагӣ андешад.
Бояд гуфт, ки қариб 60 фоизи роҳҳои ҳудуди ноҳияи Дарвозро роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ташкил дода, қаламрави ноҳия дарвозаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад.
Бо дарназардошти ин, солҳои охир дар самти ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани роҳҳои ноҳия лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, барои бунёду азнавсозии қитъаи Шкев-Қалъаихумб ба масофаи 26 километр 500 миллион сомонӣ равона мегардад ва дар ояндаи наздик ба маблағи қариб 2 миллиард сомонӣ таҷдиду азнавсозии роҳи Қалъаихумб-Ванҷ, ки 92 километрро ташкил медиҳад, пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон бо ин, қитъаи роҳ дар мавзеи Ширговад, ки бар асари офати табиӣ зарари ҷиддӣ дида буд, барқарор карда шуд.
Умуман, барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия дар панҷ соли охир аз буҷети ҷумҳуриявӣ қариб 9 миллион сомонӣ ҷудо гардида, аз ин ҳисоб, ҳамчунин, техникаву таҷҳизоти зарурии соҳа харидорӣ шудааст.
Бо вуҷуди ин, ҳолати баъзе қитъаҳои роҳ ҳанӯз ҳам беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.
Аз ин лиҳоз, Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ҷиҳати дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард, бо техникаи зарурӣ таъмин намудани муассисаҳои соҳа ва таҳияи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар самти бунёди иншооти зидди тарма тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дӯстони азиз!
Бо мақсади таъмин намудани фаъолияти босуботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дастгирии буҷети ноҳияи Дарвоз танҳо дар се соли охир аз ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёда аз 90 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Илова бар ин, ҳоло татбиқи ду лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дорад, ки то ин муддат аз ҳисоби онҳо қариб 4 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» дар деҳоти «Вишхарв», «Қалаъи хумб» ва дараи Висхарв бо мақсади ҳимояи се деҳа ва роҳи мошингард аз селу обхезӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқарорсозии каналҳо амалӣ гардидаанд.
Дар ин раванд, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бояд якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар самти пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, ҷиҳати суръатбахшии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, бехатар гардонидани мавзеъҳои зист ва роҳҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Тибқи маълумот соли 2017 дар корхонаҳои саноатии ноҳия дар ҳаҷми 56 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2016 қариб се баробар зиёд мебошад. Вале дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ назар ба ҳамин давраи соли 2017- ум 7 фоиз коҳиш ёфтааст. Инчунин, бо сабабҳои гуногун, аз панҷ корхонаи саноатии ноҳия ду корхона аз фаъолият бозмондааст.
Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангу масъулияти соҳибкорон, зиёд намудани ҳаҷми пешниҳоди қарз ва дастрасӣ ба он чораҳои зарурӣ андешанд.
Агарчӣ ҳангоми сафарҳои қаблӣ ба ноҳия ҷиҳати таъсис додани корхонаи хурди коркарди пӯсту мӯина ва ташкили мағозаҳои фурӯши маҳсулоти тайёр дар ноҳия ва шаҳри Душанбе супоришҳои мушаххас дода будам, вале тибқи маълумот иҷрои онҳо таъмин нашудааст.
Бинобар ин, ба масъулони вилоят ва ноҳия, дигар сохтору мақомоти дахлдор бори дигар таъкид менамоям, ки то охири соли ҷорӣ дар бобати ҷараёни иҷрои супоришҳои дар ин самт додашуда ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар гузориши муфассал пешниҳод намоянд.
Роҳбарону масъулон бояд ба ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд ва ҷиҳати содироти меваҳои тару тоза ва хушк тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамчунин, бо мақсади рушди соҳаи қутоспарварӣ дар деҳоти «Сағирдашт» Вазорати кишоварзӣ бояд якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чораҳои мушаххас андешад.
Ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати истифодаи самараноки замин, бо об таъмин кардани заминҳои бекорхобида, махсусан, дар мавзеъҳои Дашти Луч ва Ёвон, таъминоти хоҷагиҳо бо техникаи кишоварзӣ ва зиёд намудани саршумори чорво мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.
Дар хотир бояд дошт, ки бо ҳаллу фасл гардидани масъалаҳои зикршуда иловатан боз барои садҳо нафар ҷойҳои корӣ таъсис додан мумкин аст.
Яке аз масъалаҳои ҳалталаби ноҳия вобаста ба зиёд шудани зичии аҳолӣ дар маркази ноҳия таъминоти эҳтиёҷмандон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ мебошад.
Солҳои охир бо қарорҳои Ҳукумати кишвар қариб 40 гектар замин барои сохтмони манзил ва заминҳои наздиҳавлигӣ ба сокинони ноҳия ҷудо шудааст.
Вобаста ба ин, аз масъулон тақозо мегардад, ки ҷиҳати ташкили шароити зарурии инфрасохторӣ дар мавзеъҳои барои зиндагӣ мусоид чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамчунин, масъалаи таъминоти маркази ноҳия бо оби босифати ошомиданӣ ва бунёди иншооти корез низ андешидани чораҳои заруриро талаб менамояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Тайи солҳои охир як қатор кишварҳои олам бо сабабҳои гуногун ба гирдоби ихтилофу низоъ ва ҷангҳои дохилӣ гирифтор шуда, миллионҳо нафар сокинони бегуноҳи онҳо, махсусан, кӯдакону занон ва пиронсолон, ба азияти сангин дучор гардидаанд.
Бар асари ҷангҳои идомадошта иқтисодиёти баъзе кишварҳои як вақтҳо хеле пешрафта имрӯз дар ҳолати фалаҷшавӣ қарор дорад.
Ҳамчунин, ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра хатарҳои дигар, аз қабили норасоии маводи ғизоӣ, оби босифати ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим низ таъсири манфии худро расонида истодааст.
Аз ин рӯ, ба тамоми сокинони ноҳияи Дарвоз, бахусус, ҷавонон, муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки бо шукрона аз Ватани орому ободи худ барои аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ азму талош варзанд, ватандӯсту ватанпарвар ва бо рафтору кирдори намунаашон боиси ифтихори падару модар ва Тоҷикистони азизи худ бошанд.
Зеро мо, насли калонсол, ба онҳо ҳамчун давомдиҳандагони сиёсати созандаамон эътимод дорем ва ҷавонони бонангу номус, ватандӯсту ободгар ва бунёдкорамонро такягоҳи худ меҳисобем.
Эътимоди комил дорам, ки хурду бузурги ноҳияи Дарвоз, алалхусус, соҳибкорони бонангу номуси он корҳои созандагиву ободкориро дар диёри худ минбаъд низ вусъат мебахшанд ва бо ҳамин васила барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро дареғ намедоранд.
Ба ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва тамоми сокинони ноҳияи Дарвоз хонаи обод, иқболи баланд ва барору комёбӣ орзумандам.
Ҳамеша саломату муваффақ бошед!