Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров дар шаҳри Хоруғ
21 августи соли 2020
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шумо ва кулли сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба муносибати ифтитоҳи Театри мусиқию маҳзакавии ба номи Меҳрубон Назаров дар маркази вилоят — шаҳри Хоруғ самимона табрик мегӯям.
Мардуми фарҳангдӯсти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири пешрафти илму маориф ва санъату ҳунар ҳамеша кӯшиш мекунанд ва суннатҳои фарҳанги миллии тоҷиконро пос медоранд.
Вобаста ба масъалаи таъмини пешрафти фарҳанги миллиамон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошта будам, ки мо бояд ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори муассисаҳои фарҳанг ба таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ, тарбияи кадрҳои соҳа ва истифодаи самарабахши неруи фарҳангиву маънавии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.
Бо ин мақсад мо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бунёди инфрасохтори соҳаи фарҳангро суръат бахшида, ба ин васила, барои рушди минбаъдаи ин соҳаи муҳим заминаи мусоид фароҳам оварда истодаем.
Ҳоло дар вилоят 325 муассисаи фарҳангу фароғат ва мактабҳои санъату мусиқӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо беш аз 1000 нафар кормандони соҳа ҷалб шудаанд.
Тайи ду даҳсолаи охир ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии соҳаи санъат бо китобу асбобҳои мусиқӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, инчунин, барои бунёди боғҳои фарҳангу фароғат чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Ду рӯз пеш мо дар ноҳияи Дарвоз як боғи зебои фарҳангу фароғатро ба истифода супоридем, ки он барои истироҳату фароғати сокинони ноҳия ва меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат хоҳад кард.
Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, барои бунёди театрҳои халқӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоту шароити зарурӣ мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст. Сохта, ба истифода додани қасрҳои фарҳанг дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон далели ин гуфтаҳо мебошад.
Даҳ сол пеш бинои Театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаровро навсозӣ карда, ҳангоми ифтитоҳи он изҳор дошта будем, ки дар шаҳри Хоруғ бунёди театри муосири ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳониро оғоз мекунем.
Ҳамин тавр, соли 2015 санги асоси бунёди он гузошта шуд ва имрӯз мову шумо шоҳиди ба фаъолият оғоз кардани боз як театри зебову муҷаҳҳаз дар кишварамон гардидем.
Ба тарроҳону рассомон, меъморону сохтмончиён ва ҳамаи шахсоне, ки дар бунёди ин кохи зебои ҳунар саҳм гузоштаанд, сидқан миннатдорӣ баён менамоям.
Бинои театр, ки барои бунёди он 27 миллион сомонӣ хароҷот шудааст, сеошёна буда, аз толори асосӣ бо 1000 нафар ҷойи нишаст, толорҳои хурду калон, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити мусоиди кору фаъолият иборат мебошад.
Дар бунёди театр муҳандисону сохтмончиён аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон саҳм гузоштаанд ва чунонки мебинем, онҳо, воқеан, софдилона заҳмат кашидаанд.
Бино шароиту имкониятҳои васеъ дошта, бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва асбобҳои милливу муосир пурра таъмин мебошад.
Бовар дорам, ки ҳунарпешаҳои театр ва санъаткорон аз ин туҳфаи Ҳукумати мамлакат рӯҳбаланд шуда, бо истифода аз имкониятҳои муҳайёгардида то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ намоишномаву барномаҳои нави консертии мутобиқ ба талаботи замонро таҳия карда, манзури тамошобинон менамоянд.
Ҳамчунин, бо мақсади муаррифии шоистаи санъати тоҷик роҳбарону кормандони ин муассисаи фарҳангӣ бояд бо Иттифоқи нависандагон, бастакорон ва ходимони театр ҳамкории зич дошта бошанд.
Ҳозирини арҷманд!
Сарзамини Бадахшон, дар баробари Суғду Хатлон, аз ҷумлаи қадимтарин марказҳои фарҳанги мардумӣ ба ҳисоб меравад.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, дар байни кӯҳҳои осмонбӯси ин минтақа аз қадимулайём мардуми заҳматдӯсту фарҳангпарвар зиндагӣ карда, суннату оинҳои бою рангини фарҳангиро ба мерос гузоштаанд. Масалан, услуби меъмории хонаи бадахшонӣ, нақшҳои рӯи санги мавзеи Лангари ноҳияи Ишкошим ва бисёр ёдгориҳои дигар гувоҳи ҳунармандони асил будани гузаштагони ин диёр мебошад.
Ғайр аз ин, дар ҳар як сози мусиқии мардуми Бадахшон қадимӣ будани сокинони он мушоҳида мегардад, зеро дар онҳо тасвирҳои замони ориёӣ, даврони меҳрпарастӣ, унсурҳои маросими Наврӯзу Меҳргон ва дар либосу ҳаракатҳои рақсиашон нишонаҳои аҳди авестоӣ дида мешаванд. Ва боиси ифтихор аст, ки мардуми санъатдӯсти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бо вуҷуди шебу фарозҳои таърихи халқамон, анъанаҳои беҳтарин ва ҳунарҳои мардумиро ҳифз карда, дар пешрафти фарҳанги миллӣ ҳиссаи сазовор мегузоранд.
Зимнан, дар Бадахшон, ба мисли Кӯлоб, хонаводае нест, ки дар он ягон намуди асбоби мусиқӣ вуҷуд надошта бошад. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми ин сарзамин посдорандагони анъанаҳои арзишманди фарҳанги миллӣ мебошанд.
Дар ин диёри бостонӣ ҳоло низ осори зиёди санъати миллӣ ҳифз шуда, Бадахшонро ба осорхонаи зиндаи ҳунарҳои мардумӣ табдил додааст.Аз ин хотир, мо дар баробари ҳифзи захираҳои бойи табиӣ, инчунин, санъати асили мардуми Бадахшонро ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ ва ганҷинаи нодири маънавии миллати тоҷик ҳисоб карда, минбаъд барои эҳё ва рушди суннатҳои ҳунарии сокинони ин диёр чораҷӯӣ хоҳем кард.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати мамлакат то имрӯз барои тарбияи кадрҳои соҳаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ кардааст.
Гарчанде дар муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳанг ва коллеҷу омӯзишгоҳҳо 90 нафар ҷавонони вилоят таҳсил мекунанд, вале ин шумора ҳанӯз талаботи вилоятро бо чунин кадрҳо қонеъ карда наметавонад.
Тайи солҳои 2013-2020 аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати дастгирӣ, рушди фарҳанг ва ҳифзи ёдгориҳои таърихии вилоят як қатор тадбирҳо андешида шудаанд.
Умуман, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 10 қасри фарҳанг, 31 клуб ва 118 китобхона бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардидааст.
Театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров таърихи беш аз ҳаштодсола дошта, бо намоишнома ва барномаҳои консертии худ дар вилоят, пойтахти кишвар ва минтақаҳои дигари мамлакат ҳаводорони зиёд дорад.
Театр дар тӯли зиёда аз 80 соли мавҷудияти худ дар рушди санъати халқи тоҷик ҳиссаи арзанда гузоштааст.
Дар ин муддат дар саҳнаи театр беш аз 500 намоишнома аз рӯи асарҳои адибони ватаниву хориҷӣ таҳия ва намоиш дода шудааст, ки ба тарбияи завқи эстетикии сокинон мусоидат карда, ба пешрафти санъати касбӣ такони ҷиддӣ бахшидааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ҳайати эҷодии театр беш аз 100 асари драматургҳои ватаниву хориҷиро рӯи саҳна баровардааст, ки ҳар яки онҳо писанди тамошобинони зиёд гардидааст.
Як қатор ҳунарпешаҳо ва овозхонҳои театр, аз қабили ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Мирзоазиз Мамадазизов, Мамадато Таваллоев, Савсан Бандишоева, Сабзаҷон Шоисмоилова, Майсара Дилдорова, Бегимсултон Алифбекова, Қиматшо Шоискандаров, Бахтулҷамол Карамхудоев, Маҳингул Назаршоева, Сафарбегим Тошхӯҷаева, Бовар Хусравов ва дигарон санъату ҳунари тоҷиконро дар дохил ва хориҷи кишвар ба таври шоиста муаррифӣ кардаанд.
Дар баробари ин, саҳми ходимони театр дар ҷодаи тарғиби фарҳанги миллӣ, таҳкими сулҳу субот, болоравии худогоҳиву худшиносии мардум ва пуштибонии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар назаррас мебошад.
Мо ба суруду таронаҳои ватанпарваронаи ҳунармандони халқии Тоҷикистон Майсара Дилдорова, Нуқра Раҳматова ва Душанбе Паллаев ҳамчун намунаи олии таронаҳои ватанхоҳӣ арҷ мегузорем.
Итминон дорам, ки ба фаъолият оғоз кардани бинои нави Театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров ба аҳли фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои боз ҳам баланд бардоштани шуҳрати ҳунари миллии тоҷикон ва бо барномаҳои рангини фарҳангӣ истиқбол гирифтани сисолагии Истиқлолияти давлатӣ илҳому неруи тоза мебахшад.
Ҳамчунин, бовар дорам, ки тамоми мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аҳли санъату ҳунари он дар оянда низ бо заҳмати содиқона ва пурсамар дар ҳифзи арзишҳои неки миллӣ, муқаддасоти давлати тоҷикон, таърих, забон, фарҳанг ва рушди минбаъдаи онҳо саҳми арзишманд мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров самимона табрик гуфта, ба аҳли санъати вилоят комёбиҳои нав орзу менамоям.
Доимо саломату сарбаланд бошед!