Шашуми декабри соли 2015 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои боҳашамати Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии «Ҳаёт»-ро ифтитоҳ намуд.
Қабл аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани маркази мазкур дар саҳни ҳавлии он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони парки обии болопӯшидаи замонавӣ санги асос гузошт.
Тавре иттилоъ доданд, парки обии болопӯшида барои истифодабарии он дар ҳамаи фаслҳои сол пешбинӣ шудааст.
Баъди бунёди ин парк имкон фароҳам меояд, ки шаҳрвандон барои истироҳату фароғат дар тамоми фасли сол аз он васеъ истифода баранд.
Зимни гузоштани санги асос барои оғози корҳои сохтмонӣ дар парки обии болопӯшида Сарвари давлат ба бинокорон барои иҷрои корҳои босифат дастуру ҳидоятҳо дод. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки чунин марказҳо, ки бо харҷи маблағҳои калон бунёд мегарданд, бояд ба талаботи стандартҳо ҷавобгӯй бошанд, зеро онҳо солҳои зиёд бояд ба мардум хизмат расонанд.
Сипас, дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ Маркази солимгардонӣ ва тавонбахшии «Ҳаёт»-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бунёд шудааст, ба истифода дод.
Бинои марказ, ки аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат мебошад, дар зарфи даҳ моҳ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба меъёрҳои хизматрасонии дараҷаи панҷ- ситора сохта шуда, дар Тоҷикистон алҳол беҳтарину беҳамто аст. Ҷойи таъкид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои баҳравар шудан аз чунин сатҳи хизматрасонӣ то ҳол ба хориҷи кишвар мераванд. Инак, бори нахуст имкон фароҳам омад, ки шаҳрвандон аз хизматрасонии дараҷаи панҷситора дар дохили кишвар бархӯрдор бошанд.
Бо иқдоми соҳибкорон дар марказ наздик ба 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд. Мавриди зикр аст, ки марказ шабонарӯзӣ фаъолият мекунад ва имкон дорад, ки дар 24 соат 2000 нафар мизоҷ аз хизматрасонии сатҳи баланд дар он баҳравар гарданд.
Бунёди чунин марказҳои замонавии хизматрасонӣ ва аввалтар аз ҳама, таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби соҳибкоронро метавон дастгирии онҳо аз сиёсати роҳбарияти давлат номид, зеро ҳадафи Президенти мамлакат аз бунёди чунин иншооти маишӣ ва дигар коргоҳу корхонаҳо, пеш аз ҳама, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ин роҳ беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум аст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар корҳои сохтмонӣ 330 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши аз 1500 то 2500 сомонӣ таъмин гардиданд.
Маркази солимгардонӣ ва тавонбахшии «Ҳаёт» дорои имкониятҳои фарохи солимгардонӣ мебошад, ки дар он соҳибкорон бо истифода аз технологияи муосири электронӣ хизматрасониро ба роҳ мондаанд.
Аз қабули мизоҷ сар карда, то охири рафти тавонбахшӣ ҳамаи корҳо ба воситаи кортҳои махсуси электронӣ сурат мегиранд, ки ин ҳам ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ аст.
Дар ошёнаҳои аз якум то панҷум тамоми шароит барои мардону занон муҳайё шудааст. Дар ошёнаи якум унсурҳои беҳтарини ҳаммомҳои финӣ, русӣ, туркӣ бо буғхонаҳои хушку намнок, ҳавзи оби хунук ва ҳуҷраи барфӣ барои салқиншавӣ баъд аз баромадан аз буғхонаҳои дорои ҳарорати баланд, ҳавзҳои хурду калони зиёд барои шиноварӣ ва масҳи гуногуни зериобӣ ва ҳуҷраҳои муҷаҳҳази масҳи бадан ҷойгиранд.
Ҳаммоми махсуси марокашӣ, ки бо завқу салиқаи баланд барои мизоҷони соҳибзавқ бунёд ёфтааст, басо ҷолибу диданӣ ва дилкашу зебо ва ҳам дорои шароити беҳтарин барои шустушӯй, оббозӣ, масҳи бадан ва истироҳату фароғат аст.
Бояд таъкид намуд, ки оби дар ин марказ истифодашаванда зеризаминӣ буда, аз чуқурии 118 метр бо обкашҳои барқӣ кашида ва то ворид шудан ба ҳавзҳою ҳаммом ва дигар бахшҳои марказ аз чор дараҷаи софкунӣ бо филтрҳои махсус гузаронида мешавад. Дар ҷараёни софкунӣ ба об дар ин ҷо ҳамчунин оксиген, азон ва хлор илова карда мешавад, ки барои таъмини покизагии он ва безараргардонӣ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, дар ин ҷо тамоми талаботи дигари санитарию гигиенӣ риоя карда мешавад, то ки ҳеҷ осебе ба саломатии мизоҷон нарасад.
Дар ошёнаҳои дигари Маркази солимгардонӣ ва тавонбахшии «Ҳаёт» бо хизматрасонии сатҳи баланд толорҳои гуногуни масҳи бадан, фитнес, саққозанӣ ё худ билярд, тенниси рӯи миз, толори махсус барои бозии электронии голф, тавассути онлайн бозиҳои — 3Д голф ва ошхонаи зебою барҳаво бо хизматрасонии тарзи шведӣ ҷойгиранд.
Фармоишгари сохтмони ин бинои зебои замонавӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Солимгардонӣ ва тавонбахшии «Ҳаёт», лоиҳакаши асосӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ» ва пудратчии асосӣ Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Фароз» мебошанд.
Ҳангоми шиносоӣ бо шароити муосири хизматрасонӣ дар Маркази солимгардонӣ ва тавонбахшии «Ҳаёт» Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати кори бинокорон ва иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки чунин иншоот дар мамлакат оянда бештар мешаванд, то ки дар онҳо ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам меҳмонону сайёҳони хориҷӣ имкони истироҳату фароғати сатҳи баланд дошта бошанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳақиқат дар муддати кӯтоҳ соҳибкорон тавонистанд ин гӯшаи пойтахтро ба як макони калони солимгардонию тавонбахшӣ табдил диҳанд. Акнун шаҳрвандони мамлакат метавонанд дур нарафта, дар ҳамин маркази замонавӣ бо нархҳои дастрас аз имкониятҳои он муфид истифода бурда, саломатии худро барқарор созанд ва нерую тавони тоза гиранд.
www.president.tj