Маросими ифтитоҳ ва оғози бунёди як қатор иншоот

№46 (3683) 29.04.2017

34275050256_7db2de5510_o28 апрели соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳ ва оғози бунёди як қатор иншоот иштирок карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри ­Душанбе Рустами Эмомалӣ нахуст дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Тибқи лоиҳа бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 16 ошёна иборат буда, дар маҷмӯъ дорои ҳуҷраҳои корӣ барои 450 корманд, маҷлисгоҳ бо 500 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, боғи зимистона, ошхона барои 70 нафар ва дар таҳхонаи бино таваққуфгоҳ барои 30 нақлиёт мебошад.

Барои сохтмони иншооти мазкур аз шафати кӯчаи Шевченко дар гузаргоҳи якум 0,37 га қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Масоҳати умумии иншоот 17952 м2 мебошад ва баландии умумии бино аз сатҳи замин ба 72,6 метр баробар аст.

Арзиши пешакии корҳои сохтмонию ороишӣ 73 миллиону 858 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2016 барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ 2 миллиону 346 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, соли 2017 баҳри идомаи корҳо 8 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. То 1 апрели соли 2017 аз оғози корҳои бунёдӣ дар ҳаҷми 964 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ-васлгарӣ иҷро гардидааст.

Дар ороиши бино аз тахтасангҳои хоро (гранит), мармар, панҷараҳои кандакории гаҷӣ, паркет, панелҳо аз навъи чӯбҳои қиматбаҳо ва рангҳои аълосифат истифода бурда мешавад.

Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон дастур доданд, ки дар вақти сохтмон ба сифати корҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри ­Душанбе Рустами Эмомалӣ бо гузоштани санги асос ба сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31- и ноҳияи Шоҳмансур оғози расмӣ бахшиданд.

Фармоишгари тарҳи муассисаи нави таълимӣ Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе буда, лоиҳаи он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» тарҳрезӣ гардидааст.

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мактаби мазкур барои 1280 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст ва сохтмони он ду марҳиларо дар бар мегирад.

Тибқи лоиҳа, дар марҳилаи аввал барои 656 хонанда дар як баст бинои нав сохта мешавад. Бинои дигар дар марҳилаи дуюм барои 624 хонанда бунёд мегардад.

Арзиши лоиҳавии бинои нави таълимӣ 46 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва то 1 сентябри соли 2018 бунёд намудани ин иншооти таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Лозим ба таъкид аст, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансур соли 1937 сохта шуда, барои 390 хонанда пешбинӣ гардида буд, вале имрӯз дар ин муассиса 1133 хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Тӯрақул Зеҳнии ноҳияи Шоҳмансур ба бунёди Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё барои 420 ҷойи нишаст дар як баст оғози расмӣ бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони бино ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки иншоот дар давоми як сол сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

Таъкид гардид, ки арзиши корҳои сохтмонӣ 9 миллион сомониро дар бар гирифта, 300 нафар коргар дар бунёди он саҳм хоҳанд гузошт.

Мактаби байналмилалии ­Тоҷикистону Бритониё аз ду бинои 5 — ошёна бо таҳхона иборат буда, масоҳати умумии он 6 ҳазору 500 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Масоҳати зери сохтмон бошад, 1 ҳазору 700 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониёро Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ» таҳия намудааст. Паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази таълимии Ганҷина» мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба бинокорон барои анҷоми босифати корҳо дастур дода, истифодаи масолеҳи сохтмонии баландсифатро дар иншоот аз тадбирҳои муҳими хизмати он барои чанд сол арзёбӣ намуданд.

Дар муассиса, баъди ба истифода доданаш, дар маҷмӯъ 90 нафар бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.

Дар таҳхонаи бино китобхона, иборат аз адабиёти бадеӣ бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла китобхонаи электронӣ, ташкил ва бо шабакаҳои китобхонаҳои машҳури Аврупо пайваст карда мешавад.

Синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои фаннии биноҳои таълимӣ бо навтарин дастовардҳои ҷаҳонии соҳа, аз ҷумла компютеру тахтаҳои электронӣ, дастгоҳҳои техникии озмоишӣ ва ғайра муҷаҳҳаз хоҳанд гашт.

Ба фаъолият шурӯъ намудани Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё такони ҷиддие ба рушди соҳаи маорифи кишвар хоҳад бахшид. Ҳайати омӯзгорону устодон ба ин муассиса аз доираи беҳтарин муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи Бритониё даъват гардида, машғулияту дарсҳо бо истифода аз усули муосири таълим ба роҳ монда мешаванд.

Тибқи дурнамо ва мувофиқаҳои қаблӣ бо шарикони бритониёӣ, дар заминаи Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё ташкил намудани имтиҳоноти қабул ҷиҳати идомаи таҳсил ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Бритониёи Кабир ба нақша гирифта шудааст.

28 апрели соли 2017 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки Шифобахш Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» — и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти наву замонавии тиббӣ соли 2014 оғоз ва соли 2016 ба анҷом расида, бо таҷҳизоти тиббии муосир пурра таъмин карда шуд.

Арзиши умумии бинои озмоишгоҳ 23,8 миллион сомониро ташкил дод, ки аз он барои корҳои сохтмонию васлгарӣ 7 миллиону 857 ҳазор сомонӣ ва барои таҷҳизонидани иншоот бо технологияи муосири тиббии ширкатҳои олмонӣ 16 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Фармоишгар Дирексияи сохт­мони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳакаш Институти лоиҳакашии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ПИЛҶ САНИИОСП» мебошанд.

Вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст.

Таҷҳизоти муосири озмоишгоҳ имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқро бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод намояд.

Иншооти мазкур аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати умумии бино 1610 м2-ро ташкил медиҳад.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюм озмоишгоҳҳо ва ҳуҷраҳои корӣ, дар ошёнаи сеюм озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо барои таълими кормандон сохта шудааст.

Дар Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» 60 нафар мутахассиси соҳибтаҷрибаи ватанӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шудаанд. Кормандон аз давраи омӯзишии кор бо таҷҳизоти муосири озмоишӣ аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда гузаронида шудаанд.

Зимни суҳбат бо кормандони Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи боз як маркази тиббии муосирро табрик гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона ба нафъи мардум ҳидоят карданд.

Дар ноҳияи Сино Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино санги асос гузоштанд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бино ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки арзиши умумии сохтмони бинои асосӣ, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 85 миллиону 416 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Иншооти асосӣ аз се бинои 9 ва 4 — ошёна иборат мебошад. Ҳудуди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 10,37 гектар, масоҳати умумии иншоот 15900 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Масоҳати зербинои сохтмон ба 3643 метри мураббаъ баробар аст.

Дар бинои асосӣ бунёди толори маҷлисгоҳ бо 1000 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона бо толори хониш ва толорҳои хурди дарсӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳудуди иншоот, инчунин сохтмони се бинои нави таълимӣ, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, чор бинои 12 — ошёнаи хобгоҳ барои донишҷӯён, ду бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон, майдону толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, бинои озмоишгоҳ, майдони теннис, минтақаи хоҷагӣ ва боғ дар назар дошта шудааст. Инчунин, дар қисми даромадгоҳи асосии донишгоҳ бунёди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино пешбинӣ гардидааст.

Паймонкори бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино СТС «Иншоот» буда, лоиҳаи он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» таҳия гардидааст.

Соли 2017 барои корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз ҳисоби Буҷети ҷумҳурӣ ҷудо кардани 10 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи бинои асосӣ аз ташхиси давлатии сохтмон гузаштааст ва барои иҷрои корҳои бунёдӣ омода мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бинокорон дастур доданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

- Ин даргоҳи илм бо тарҳи муосиру таҷҳизоти тиббии замонавӣ солҳои дароз бояд ба мардум хизмат расонад, — таъкид намуданд Сарвари давлат.

 Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Муродулло Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо оғоз бахшиданд.

Таъмири роҳи мошингарди кӯчаи Муродулло Шерализода бо иқдоми созандаи раиси шаҳри Душанбе аз тарафи роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-Строй-Сервис» Иззатулло Давлатов сурат мегирад. Дар маҷмӯъ, аз тарафи ин соҳибкори маҳаллӣ наздик ба 15 километр роҳҳои шаҳри Душанбе таъмир карда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аснои шиносоӣ бо тарҳ ва нозукиҳои лоиҳавӣ барои ҳар чӣ зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои тармиму таҷдиди роҳҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар асоси лоиҳа 9 кӯчаи таъмирталаби шаҳри Душанбе аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-Строй-Сервис» навсозӣ карда мешаванд, ки 141 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегиранд. Дар кӯчаҳои таъмиршаванда барқарорсозии канорасангҳо ва ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ амалӣ гардида, асфалтпӯшкунии роҳҳо оғоз шуд.

Ҳамзамон, аз тарафи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон» (роҳбараш Тоҳир Ҳукуматов) навсозии роҳҳои 10 кӯчаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дарозии 15 километр идома дорад. То имрӯз таъмири роҳҳои кӯчаҳои Юсуф Вафо ва Пахтакор ба итмом расидааст. Ҳоло дар дигар қитъаҳо корҳои сохтмонӣ давом ёфта истодаанд.

15-уми феврали соли равон, ҳангоми мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва масъулини сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорон барои саҳм гузоштан дар бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳавасмандии худро изҳор намуда буданд.

Дар ин робита ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки ҳоло аз тарафи Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе азнавсозию бунёди 23,98 километр роҳ бо масоҳати 587 ҳазор метри мураббаъ идома дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо рафти корҳои таъмиру таҷдиди роҳи кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудов ошно шуданд.

Таъмиру таҷдиди роҳҳои мазкур, ки аз ҳисоби даромадҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи тоҷик» дар доираи дастуру ҳидояти Пешвои миллат сурат гирифтааст, феълан бомаром идома дорад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳо дар ин самт ду моҳ қабл оғоз ёфта буданд ва то рӯзи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ пурра ба сомон расонида мешаванд. То ин дам дар чор роҳрави кӯчаҳои мазкур корҳо пурра анҷом ёфтаанд ва 15 роҳрави дигар барои асфалтпӯш намудан омода аст. Дар баробари роҳҳои асосӣ, 50 роҳрави дигар, ки ба кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шомиланд, мавриди таъмиру таҷдид қарор мегиранд. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст 70 километр роҳи пойтахти кишвар бо риояи талаботи роҳсозӣ бунёд хоҳад шуд.

Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкор Қурбонмурод Неъматзода – роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи тоҷик» дар солҳои 2017 — 2018 — ум 40 километр роҳҳои пойтахт азнавсозӣ карда мешавад. Дар кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 21 километр роҳ таъмиру таҷдид гардида, бо дарназардошти муосиртарин талаботи роҳсозӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ҳамчунин, дар доираи ин тарҳ асфалтпӯш намудани роҳҳои пиёдагард, ивазкунии иншооти обпартову обгузар, чароғонкунии роҳ ва гулзоркунии шафати роҳҳо дар назар дошта шудааст, ки дар муҳлати муқарраргардида ба сомон расонида мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сохтмончиён таваҷҷуҳи онҳоро ба анҷоми босифати корҳо ҷалб карда, масъулинро вазифадор намуданд, ки назорати сифати иҷрои корҳоро ҷиддӣ ба роҳ монанд.

 www.president.tj