Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин ва нишасти матбуотӣ

№88 (4828) 08.07.2024

53837581066_d8f0e6f27a_oПас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат маросими имзо ва табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо дар маҷмуъ 29 ҳуҷҷати муҳими танзмкунандаи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф имзо карда шуд.

Нахуст, Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъмиқи минбаъдаи равобити стратегии ҳамаҷониба дар марҳилаи навро имзо карданд.

Сипас, байни аъзои ҳайатҳои расмии ду давлат табодули санадҳои имзошуда сурат гирифт.

Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум оид ба мубодилаи ҳамкорӣ миёни Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Номаҳои табодулӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар самти нерӯи таҷдидшавандаи чаҳорчӯби Ташаббуси ҷаҳонии рушд;

- Созишномаи байниидоравӣ оид ба рушди иқтисодӣ миёни Департаменти робитаҳои байналмилалии Комиссияи миллӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин  ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Созишнома байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум оид ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи нав миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти тиҷорати электронӣ байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба эътирофи мутақобила ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои тахассусӣ, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба маъданҳои нави энергетикӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии Чин оид ба ҳамкории байналмилалӣ оид ба пешбурди лоиҳаҳои кумакҳои бебозгашт дар соҳаи инфрасохтор;

Номаҳои табодулӣ оид ба гузаронидани тадқиқоти техникӣ — иқтисодӣ роҷеъ ба сохтмони гузаргоҳи бисёрсатҳа дар шаҳри Душанбе;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин CMG;

Протокол байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ доир ба содироти хурмои тару тоза аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи мусоидат ба сафарҳои гурӯҳии сайёҳони чинӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва иттилооти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ”;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Идораи миллии матбуот ва интишороти Чин оид ба тарҷума ва нашри осори классикон;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти миллии бехатарии корҳо дар соҳаи кӯҳкории назди Вазорати эътино оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкорӣ бо мақсади рушд ва мусоидат ба амалишавии Ташаббуси рушди ҷаҳонӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии рушди ҳамкорӣ байналмилалии Чин;

Ёддошти тафоҳум дар самти карантини воридот ва содироти ҳайвонҳо ва гиёҳҳо байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории мутақобилаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и Тоҷикистон ва рӯзномаи “Жэнмин Жибао”-и Чин;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Медиакорпоратсияи Чин CMG;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ва Медиакорпоратсияи Чин CMG;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи далватии “Ҷаҳоннамо” ва Медиакорпоратсияи Чин CMG.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти Тоҷикистону Чинро неку самарабахш арзёбӣ намуданд.