Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар Қасри миллат

№ 16.01.2025

54269494470_cbb43b808b_b16 январ маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири нахустин сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста буд, баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.