30 октябри соли 2020 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи муқаррароти расмӣ, баргузор гардид.
Хотиррасон бояд намуд, ки 11 октябри соли 2020 ба тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92 % овози интихобкунандагон аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Маросими мазкур дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат», «Кохи Сомон»-и Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо савгандёдкунии афроди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти кишвар дар толори оинабандии «Қасри миллат», бо супурдани Шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода оғоз ёфт.
Сипас, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Ашӯрзода Абдулҳафиз Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Эмомалӣ Раҳмон супорид.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди ифтитоҳи Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон даъвати шашум, якҷоя бо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба толори «Кохи Сомон» ҳозир шуданд.
Дар толор, ҳамчунин, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони аҳли ҷомеа ҳузур доштанд.
Қатори мошинҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ёд кардани савганд аз «Қасри миллат» ҷониби «Кохи Сомон»-и Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат намуданд.
Дар ин вақт Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби афсарону сарбозони Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки либосҳои идонаи низомӣ ва шамшерҳои аз ниём кашида доштанд, ба толор зери оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ворид карда шуд.
Дар болои шоҳсуфа Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби рост ва Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби чап гузошта шуданд.
Дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи рангҳо ва андоза ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монанд аст, Дирафши Ковиён тасвир шудааст, ки нишони хос ва босуботи давлатдории миллӣ аз даврони қадим аст.
Дар қисми болоии Дирафши Ковиён найза тасвир ёфтааст, ки рамзи ирода ва қудрати ҳифзи давлат мебошад.
Қисмати чаҳоргонаи Дирафши Ковиён чаҳор тарафи ҷаҳонро таҷассум мекунад, ки рамзи равобити нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои олам аст.
Дар дохили Дирафши Ковиён — чаҳор шохаи марғула дар даври хуршед ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, даври замин ва аносири коинот дар атрофи хуршед инъикос ёфтаанд, ки баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошанд.
Дар маркази Дирафши Ковиён шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукӯҳи давлат дар заминаи осмони кабуд тасвир шудааст.
Дар болои тасвири шери болдор тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.
Дирафши Ковиён бо ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ҳар ду ҷониби Ливо дастдӯзӣ гаштааст.
Нӯги чӯбдасти Ливо шакли гунбази зарринро дорад.
Баъд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сипоҳиёни Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ба толор ворид карда, дар паҳлуи рости минбар гузошта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назди «Кохи Сомон» расида, ба толори тантанаҳо раҳсипор гардиданд.
Дар ду ҷониби роҳрав, аз даромадгоҳи бино то даромадгоҳи толор сипоҳиёни Қаровули фахрӣ саф кашида буданд.
Аз ҷониби чапи даромадгоҳи толор Оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсароён ҷой гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толори тантанаҳои савгандёдкунӣ зери оҳанги мутантан ва марши ифтихорӣ ворид шуданд ва ба болои шоҳсуфа баромада, дасти росташонро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд карданд.
Сипас, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои оркестри симфонӣ ва ҳамсароён ва аҳли толор ба таври зинда садо дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ин лаҳза ба марҳилаи нави роҳбарии давлат расман ворид шуданд, дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.
Баъди анҷоми суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери садои мусиқии ифтихорӣ ва кафкӯбии бардавоми ҳозирин ҷиҳати иштирок дар маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва савганди садоқат ёд намудани афроди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт раҳсипор шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мошин ҳамроҳи эскорти мототсиклҳо ба хиёбони Рӯдакӣ баромаданд.
Дар майдони «Дӯстӣ» ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саф ороста буданд.
Қофилаи мошинҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи пайкараи Исмоили Сомонӣ, ки ҷузъи марказии муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст, қарор гирифт.
Дар он ҷо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат — вазири мудофиа, вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, фармондеҳи Горди миллӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти марбута саф кашида буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мошин фуруд омада, ба сӯйи муҷассама равон шуданд.
Баъди гузоштани гулчанбар ва лаҳзаи хомӯшӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ба таърихи пурифтихори давлатдории миллӣ ба муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон нимтаъзим намуданд.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар бораи омодагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба маросими савганди садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паради ҳарбӣ гузориш дод.
Баъди салому дуруд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, савганди садоқат ба Президенти кишвар ёд кардани фармондеҳон, афсарон ва тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомии мамлакатро эҳёи яке аз суннатҳои бостонии давлатдории ниёгон ва омили собиткунандаи масъулияти бузурги фарзандии онҳо дар ҳимояи Ватани азиз ва давлату миллат маънидод карданд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нидои шодию қарсакзании ҳозирин вазири мудофиаи ҷумҳурӣ савганди тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба забон овард. Афроди Қувваҳои Мусаллаҳ якҷоя савганд ёд карданд.
Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби оркестри асбобҳои нафасии Гарнизони ҳарбии Душанбе, ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва иштирокчиёни тантана зинда садо дод.
Ҳамчунин, бо садо додани Суруди миллӣ садои 30 шиллик аз тӯпҳо дар фазои пойтахти кишвар танинандоз гардид.
Сипас, бо амри фармондеҳи парад расми гузашти низомӣ оғоз ёфт.
Дар тантанаи бошукӯҳ беш аз 8 ҳазор ҳайати махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки шомили сохторҳои гуногуни низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва мақомоти қудратии кишвар мебошанд, ширкат варзиданд.
Паради бошукӯҳ нишони омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баҳри ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми шарафманди Тоҷикистон буд.
Бо ҳамин маросими тантанавии ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поён расид.
Мавриди зикр аст, ки чунин чорабинӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо чунин тартиб бори сеюм ҷараён гирифт, ки аз эҳёи боз як оини бостонии давлатдории ниёгон гувоҳӣ медиҳад.
www.president.tj