Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

№108 (4528) 31.08.2022

52320774962_0548964fcc_o30 августи соли 2022 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбиро супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллии 31 — солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки тибқи анъанаи нек мо ҳар сол дар остонаи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, яъне афсарону сарбозони шуҷоъ ва содиқи Ватанро барои далериву ҷасорат ва хизматҳои шоён дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон қадрдонӣ менамоем.

«Мо имрӯз бо ифтихор иброз медорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон вазифаҳои хизматии худро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ, бо садоқат ба халқу давлати Тоҷикистон ва савганди ёдкардаи худ иҷро карда истодаанд», — таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Даврони соҳибистиқлолӣ, яъне 31 соли гузашта ва хусусан, солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ солҳои озмоиши ҳисси миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва иродаву матонат буданд. Дар ин давраи бисёр мураккабу ҳассоси таърихи давлатдории навини халқи тоҷик афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, муборизаи беамон бар зидди хоинони Ватан ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша, таъмин намудани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ нақши барҷаста бозиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди қавӣ нисбат ба афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иброз доштанд, ки барои идомаи бомароми раванди созандагӣ ва ҷиҳати боз ҳам пешрафта гардидани давлати соҳибихтиёри мо, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки сипари боэътимоди давлат ва ҳомии қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ мебошед, бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак ва омодаи ҳифзи амният, оромӣ ва суботи ҷомеа бошанд.

Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок, беш аз 180 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Спитамен дараҷаи 1, ордени Спитамен дараҷаи 2, ордени Шараф дараҷаи 1, ордени Шараф дараҷаи 2, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ҳарбии олӣ, дараҷавӣ ва махсус, қадрдонӣ шуданд.

52321889243_350fdcaf31_oДар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 13 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 1 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 10 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 42 нафар бо медали Ҷасорат, 61 нафар бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Шафқат, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, 23 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ҳарбии олӣ, дараҷавӣ ва махсус» ба 23 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси «генерал — лейтенанти милитсия», «генерал — майори милитсия», «генерал — майор», «генерал — майори адлия», рутбаи дараҷавии «мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3», «генерал -майори хадамоти гумрук» ва «генерал-майори хизмати дохилӣ» супорида шуд.

Дар маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи таъмини амну субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфтанд.

Пешвои миллат бо эътимоди комил изҳор доштанд, ки ҳар яки шумо дар оянда низ тамоми қудрату тавоноиро барои ҳифзи Ватани маҳбубамон, ки шуморо дар канораш парваридааст ва халқи Тоҷикистон, ки шуморо ҳомии зиндагии осудаву ороми худ медонад, дареғ намедоред.

Таъкид гардид, ки фарзандони содиқи Ватан вазифаҳои хизматии худро дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ бо масъулияти баланд, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсӣ иҷро менамоянд.