Субҳи рӯзи чоруми сентябри соли 2013 ба ифтихори солгарди 22-юми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беш аз 400 нафарро бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, рутбаҳои олии низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз намуд.
Дар оғози маросими мукофотсупорӣ шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир бо ордени Ситораи Президент дараҷаи 3 сарфароз гардонда шуд.
Сипас, шахсиятҳои зиёди дигар, ки дар рушду нумуи бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму техника, фарҳанг ва хизмати давлатии Тоҷикистон саҳми арзандаи таҳсин гузоштаанд, бо ордени Шараф дараҷаи 2, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҳои гуногуни фахрӣ, аз ҷумла Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд. Кормандони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла бунёдкорони иншооти бузурги кишвар, ба мисли неругоҳҳои барқи обӣ, роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард, корхонаҳои истеҳсолӣ, соҳибкорони фаъолу ташаббускор, ки садҳо ҷойҳои корӣ муҳайё намудаанд, коргарони муҳандисию техникии корхонаҳои саноатӣ, деҳқонони асил ва кормандони дигари бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ, намояндагони олимону омӯзгорон, аҳли фарҳанг ва умуман зиёиёни эҷодкор ба гирифтани мукофотҳои давлатӣ мушарраф гардиданд.
Шумораи зиёди кормандон ва ходимони ҷасуру далери Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои дигари низомию қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, медали Марзбони шуҷои Ватан, унвонҳои фахрӣ ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Ба панҷ нафар олимони варзида ва пурмаҳсули кишвар ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника тақдим гардид. Инҳо доктори илмҳои физика, математика Зафар Усмонов, доктори илмҳои тиб Абдумалик Давлатов, доктори илмҳои тиб Убайдулло Қурбонов, доктори илмҳои тиб Каримҷон Ортиқов ва доктори илмҳои таърих академик Раҳим Масов мебошанд. Понздаҳ нафар олимони ҷавон барои корҳои намоёни эҷодӣ ва кашфиёти илмӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонда шуданд.
Дар охир се нафар ходимони ҳарбӣ ва кормандони баландпояи сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо рутбаҳои олии низомӣ ва махсус сарфароз гардиданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бори дигар бо мушарраф шудан бо мукофотҳои давлатию унвонҳои фахрӣ ва ҷоизаҳои давлатию рутбаҳои низомӣ табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки нишондодҳои истеҳсолию хидматӣ ва илмию фарҳангияшон минбаъд боз ҳам афзун мегардад.
www.president.tj