Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

№105 (4211) 29.08.2020

50276794813_e78c064456_o28 августи соли 2020 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби Давлату Ҳукумати кишвар ҳамеша қадрдонӣ карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бистунуҳсолагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастоварду рӯйдодҳои муҳими таърихӣ хотирмон хоҳад буд, зеро ба истиқболи он дар мамлакат ободкориву созандагӣ вусъат ёфта, аз пойтахти мамлакат то дуртарин гӯшаву канор боз ҳам ороставу зебо гардида истодааст.

Соли 2020, новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳон, таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ, барои Тоҷикистони азизамон соли таърихӣ ва пешравӣ дар соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди маҳал ба шумор меравад.

Дигаргуниҳое, ки дар пойтахти кишвари азизамон — шаҳри Душанбе ва тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба миён омадаанд, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми ватандӯстамон мебошанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом доданд.

Ифтитоҳи иншооти гуногуне, ки дар ҳар гӯшаву канори кишвар идома дорад, гувоҳи равшани ҳиммати созандаву бунёдкоронаи шаҳрвандон, бахусус, соҳибкорон ва мардони бонангу номус, барои фардои ободу осуда ва дастовези ҷашнии онҳо мебошад, ки самараи сулҳу ваҳдат, ватандӯстиву худогоҳии халқамон ва заҳмати шабонарӯзии пешсафони арсаи меҳнат мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатиро имконияти муносиби муаррифии дастовардҳои ҳар як мукофотгиранда ба сокинони мамлакат маънидод намуда, изҳори хушҳолии худро аз дидору суҳбат бо мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла, омӯзгорон, табибон, кишоварзон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон, дар байни сарфарозшудагон таъкид доштанд.

Ҳамин тариқ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъватҳои дуюм — панҷум ­Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I қадрдонӣ шуд.

Инчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурус­тӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон», барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ 70 нафар -  1 нафар бо унвони фахрии «Нависандаи халқии Тоҷикистон», 3 нафар унвони фахрии «Шоири халқии Тоҷикистон», 1 нафар унвони фахрии «Ҳунарманди халқии Тоҷикистон», 1 нафар унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон», 2 нафар унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», 1 нафар бо ордени «Шараф» дараҷаи II, 36 нафар бо медали «Хизмати шоиста» ва 3 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2020 ва 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 сарфароз гардиданд.

Бори аввал дар таърихи соҳибис­тиқлолии кишвар бо Амри Президенти мамлакат ба хотири қадршиносии омӯзгорони беҳтарин мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода, 5 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардонда шуд.

Ҳамчунин, як гурӯҳ олимони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон соҳиби Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 гардидаанд. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумла, ба олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника супорида шуд.

Дар маросими мукофотсупорӣ Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла, намояндагони бахшҳои истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро махсус таъкид карданд.

Қобили зикр аст, ки шумораи зиёди занону ҷавонони мукофотгирифта дар соли таҷлил аз 29 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати фаъолгардии нақши ҷавонон, бахусус, занон дар ҷомеа ва дастгирии бештари онҳо аз ҷониби давлат мебошад.

Дар анҷом Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сазоворгаштагон бо мукофотҳои давлатӣ дар оянда низ қудрату тавонашонро ба хотири ободии кишвар, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона дареғ намедоранд.

www.president.tj