«Марз — 2021». Санҷиши омодабошии ҷангии қувваҳои мусаллаҳ

№96 (4358) 24.07.2021

defaultСоати 400-и субҳи 22-юми июли соли 2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибис­тиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор афсару сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор афсару сарбозони ҳайати захираҳои сафарбари мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Дар чорабинӣ, ки таҳти унвони «Марз — 2021» гузаронида шуд, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболи ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд.

Баъд аз ҷамъбаст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пойгоҳи Гвардияи миллӣ ташриф оварданд. Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковник Шералӣ Мирзо оид ба омодагии ҷузъу томҳо барои гузашти низомӣ гузориш дод.

Баъди иҷрои Суруди Миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аз ҷумла, ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвар­дияи миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суханронӣ намуда, ҳозиринро ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳон ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, яъне, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои давлатдорӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар марҳалаи ҳозира, ҳамчунин, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад.

Вазъи кишвари ҳамсоя — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвар ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз мураккаб гардида истодааст.

Сарвари давлат дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа таъкид намуданд: «Мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем».

Ба Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, яъне, ҷузъу томҳои ҳарбӣ, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар супориш дода шуд, ки барои пешгирӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ омодабошии ҷангиро дар сатҳи баландтарин таъмин намоянд ва дар ин самт тадбирҳои иловагии фаврӣ ва қатъӣ андешанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, изҳор доштанд: «Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар вазъияти мураккаби баамаломада, пеш аз ҳама, таъмин намудани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва сафарбар намудани имкониятҳо ба ин самт мебошад».

Роҳбари мамлакат бо итминон таъкид намуданд, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ, яъне, марзбонони далеру шуҷои Ватан минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаи муқаддас, яъне, ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо сарбаландӣ мебароянд.

Баъд аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии 10 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ қарордошта оғоз гардид.

Бояд гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳиб­истиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад.

Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Артиши миллӣ ҷиҳати бунёду таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, ташкили навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, пурра намудани он бо ҳайати шахсӣ ва беҳдошти омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Давлату Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд.

Артиши миллии кишвар дар муддати хеле кӯтоҳ ба неруи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намояд.

Баъд аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паради ҳарбии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Дар маҳали баргузории чорабинӣ техникаи вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерияи худгард ва дигар лавозимоти муосири низомӣ, ки дар ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қарор доранд, аз паради ҳарбӣ гузаштанд.

www.president.tj