Машварати корӣ

№136 (4398) 04.11.2021

2 ноябри соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи ­иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир карданд.

Зимни он масъалаҳо вобаста ба таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, омодагӣ барои зимистонгузаронӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омода будан барои зимистонгузаронӣ, захираи кофии маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ бо барқу гармӣ дастуру супориш доданд.

Ҳамчунин, доир ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», вобаста ба авзои ҷомеа, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва камобӣ, ба таври кофӣ захира кардан ва истифодаи сарфакоронаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва худдорӣ намудани аҳолӣ аз маъракаҳои серхароҷот супоришҳои мушаххас дода шуд.

www.president.tj