15 — уми июни соли равон дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор идораву кумитаҳои давлатӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ машварати корӣ доир карданд.
Дар он масъалаҳо вобаста ба рушди бахшҳои иқтисоди миллӣ, омодагии ҳамаҷониба барои дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор кардани як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ, вусъати корҳои ободонӣ ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дигар тадбирҳои ободонию созандагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти омодагӣ барои баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, Сарвазири мамлакат, раиси Кумитаи тадорукот Қоҳир Расулзода гузориш дод.
Оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии саривақтию беталафи зироат, гузаронидани кишти такрорӣ, захираи кофии маҳсулоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ ҳисоботи муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода шунида шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, омодагӣ ба маъракаи зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва ғайра супоришҳои мушаххас доданд.
Дастурҳои дигар ба Ҳукумати кишвар, кумитаҳои оид ба корҳои занон, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои марбута барои дар сатҳи баланд ташкилу гузаронидани таътили тобистона ва таъмини амнияту бехатарии кӯдакон дода шуд.
www.president.tj