Машварати корӣ

№72 (3218) 02.07.2014

Якуми июли соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини соҳаи кишоварзӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба ҷамъоварии саривақтии ғалладона аз заминҳои обӣ, ҳар чӣ зудтар ба роҳ мондани кишти такрорӣ, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозор, кумакрасонӣ ба ниёзмандон, омодагӣ ба зимистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузориши масъулини ҷумҳуриявӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳоро доир ба мавзӯъҳои мазкур шунида, барои ҷоннок намудани корҳо ва бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ба онҳо супоришҳо дод. Бо изҳори нигаронӣ аз кашол ёфтани ҷамъоварии ғалладона аз заминҳои обӣ ва дермонии кишти такрорӣ дастур дода шуд, ки барои бартарафсозии ин камбудии ҷиддӣ чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд. Таъкид гардид, ки бо истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корами обӣ бояд ду ва зиёда ҳосил рӯёнида шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ изҳор дошт, ки нархи сӯзишворӣ нисбат ба чанд соли охир хеле паст шуда, хӯроки чорво дар ҷумҳурӣ фаровон аст ва арзиши гӯшт дар бозор набояд боло равад. Бо ёдоварӣ аз ин ҳолат таъкид гардид, ки «болобарии сунъии нархҳо бояд пешгирӣ карда шавад ва ҳамзамон тавассути афзун намудани истеҳсолот ва таъмини фаровонӣ дар бозорҳо ба паст шудани нархҳо мусоидат бояд кард».

Раисони шаҳру ноҳияҳо уҳдадор шуданд, ки кишоварзону дигар истеҳсолкунандагонро ба иҷрои супоришу маслиҳатҳои Сарвари давлат раҳнамун сохта, ба ислоҳи ҳолати кунунӣ ноил мешаванд.

Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба рушди минбаъдаи зотпарварӣ, тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, содироти меваю сабзавот, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, тармиму навсозии муассисаҳои таълимӣ, вусъат додани корҳои ободонӣ, иҷрои саривақтии Буҷети давлатӣ ва пардохти саривақтии маошу нафақа дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки хайроту садақоти моҳи шарифи Рамазон ва Иди саиди фитр бояд ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат расонда шавад, то ки дили ин табақаҳои ниёзманди аҳолӣ шод гардад.

 

www.president.tj