Ёздаҳуми ноябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини якум ва муовини Сарвазир Давлаталӣ Саид ва Азим Иброҳим ва роҳбарони вазорату идораҳои бахши энергетика машварати корӣ гузаронид.
Дар машварат масъалаҳои рушди соҳаи энергетика, таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ ва инчунин рафти иҷрои лоиҳаҳои инвеститсионии бахши энергетика баррасӣ гаштанд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазир ва вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат доир ба рафти иҷрои стратегияи таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ бо қувваи барқ, истифодаи самараноки неруи барқ, дар фасли зимистон ва рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи энергетика гузориш доданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин доир ба омода кардани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, захираи маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла мазут, ангишт ва гази моеъ, истифодаи дурусту саривақтии воситаҳои техникии шабакаҳои барқӣ ва дигар зербинои коммуникатсионӣ вазифаҳои мушаххас гузошта, ҳамчунин таъкид намуданд, ки тамоми имконият ва чораву тадбирҳоро баҳри таъмини саривақтии аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо қувваи барқ, андешида шаванд.
Масъалаҳои истифодаи технолигияҳои каммасрафи барқӣ, роҳҳои паст кардани талафоти технологии неруи барқ ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда низ аз мавзӯъҳои асосии машварат буд.
www.president.tj