Машварати корӣ

№86 (3880) 12.07.2018

42396133425_b79f57ac35_o9 июли соли 2018 дар ­Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018-2019 дар пойтахти мамлакат машварати корӣ доир карданд.

Нахуст ҳисоботи муовини Сарвазири мамлакат, намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар шаҳри Душанбе Азим Иброҳим вобаста ба омода кардани пойтахт ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти иҷрои корҳо, таҳияи нақшаи чорабиниҳо шунида шуд.

Таъкид гардид, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, рӯйхат ва шумораи иншооти ҷашнӣ тартиб дода шудааст.

Ба рӯйхати иншоот, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватандӯст дар давоми се сол, то ҷашни истиқлолият, бунёд мегарданд, асосан биноҳои таъиноти иҷтимоӣ, аз қабили мактабҳо, боғчаҳои бачагон, марказҳои саломатӣ, иншооти гуногуни маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхона, толорҳои кошонаи ҳусн, майдончаҳои варзишӣ ва гулгашту хиёбонҳо ворид карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои вусъати корҳои ободонӣ, созандагӣ, таъмини тозагии муҳити зист, дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, пурра аз таъмир баровардани муассисаҳои олию миёнаи таълимӣ ва омода кардани онҳо ба соли нави хониш, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, беҳтар кардани шароити кор дар марказҳои саломатӣ, дастрасии мардум ба хизматрасонии тиббӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Дастур дода шуд, ки барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд корҳои ободонию созандагиро ба роҳ монда, бо иштироки фаъоли мардум дар шаҳри Душанбе иншооти наву муосири таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шаванд.

Ҳамчунин, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, барои омодагӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018-2019, таъмини пурраи иншооти пойтахт бо гармӣ, неруи барқ, захираи зарурии маҳсулоти хӯрока, сӯзишворӣ ва дигар корҳои ободонӣ супориш дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз ҳисоби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои давлатӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд ва онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, иштироки фаъоли соҳибкорони ватандӯст дар кишвар корҳои бунёдкориро ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ оғоз кардаанд.

www.president.tj