Нимаи дуюми рӯзи 16 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва шумораи зиёди муҳандисону бинокорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» машварати корӣ анҷом дод.
Зимни суханронии Сарвари давлат, аз ҷумла изҳор гардид, ки «корҳои назаррас анҷом ёфтаанд, вале фаъолияти оянда ҳанӯз ҷаҳду талоши зиёдро талаб мекунад».
Аз бинокорони матиниродаи неругоҳ талаб карда шуд, ки корҳоро бо сифати баланд ва бо риояи тавсияҳои коршиносони муътабари байналмилалӣ, ки тайи ҳафт сол лоиҳаи сохтмони ин иншоот ва таъсири иҷтимоию экологии онро мавриди ташхису баҳодиҳӣ қарор додаанд, анҷом диҳанд.
Ҳамчунин талаб карда шуд, ки ҳар як сомонӣ маблағи барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷудошуда самаранок ва сарфакорона истифода карда шавад.
«Ҳар як ширкати пудратӣ ва зерпудратӣ, ки корҳоро бо сифати баланд ва тибқи нақшаи календарӣ анҷом медиҳанд, соҳиби лоиҳаҳои нав ва ҳаҷми бештари корҳои сохтмону васлгарӣ хоҳанд шуд», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Пас аз анҷоми суханронии Президенти кишвар ҳисоботи масъулини сохтмони нерӯгоҳ шунида шуд.
Хайрулло Сафарзода, роҳбари идораи марказии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» зимни ҳисоботи худ бо эътимоду боварӣ таъкид дошт, ки бунёди навбати аввали ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ дар муддати муайяншуда ва бо сифати баланд ба поён расонида мешавад.
Изҳори бовар карда шуд, ки заҳмати софдилонаю баҳодуронаи бинокорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» самараи дилхоҳ оварда, боиси таъмини фардои дурахшону пурсаодати Тоҷикистони азиз хоҳад шуд.
Ҳамчунин ба роҳбарияти шаҳри Роғун, ноҳияи Файзобод ва дигар ноҳияҳои ин минтақа доир ба нигоҳубини босифати роҳҳо ва ободу кабудизор кардани ду паҳлуи шоҳроҳҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.
www.president.tj