Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 22 майи соли 2014 бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили зери назорати қатъӣ гирифтани вазъи ҷиноӣ дар шаҳри Хоруғ, дастгир намудани қочоқчиёни маводи мухаддир ва муътадилсозии вазъият баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, дар натиҷаи кӯшиши дастгир намудани гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Хоруғ миёни онҳо тирпаронӣ сурат гирифта, боиси фавтидани ду нафар ва захмӣ шудани чанд каси дигар аз ҳар ду ҷониб гардидааст.
Пас аз ин ҳодиса тарафдорони гурӯҳҳои муташаккили қочоқчии маводи мухаддир, аз ҷумлаи ҷавонони шаҳри Хоруғ, дар маркази шаҳр ҷамъ омада, дар назди биноҳои суд, прокуратура ва милитсия бетартибиҳо содир намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои қудратӣ доир ба омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи рухдода ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон супоришҳои мушаххас дод.
Хотиррасон бояд намуд, ки бо дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев гурӯҳи корӣ таъсис ва ба шаҳри Хоруғ фиристода шудааст.
www.president.tj