Изҳороти Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот оид ба натиҷаҳои мулоқот бо Владимир Путин
Дуюми августи соли 2013, Россия
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Хонумон ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама мехоҳам бори дигар ба Владимир Владимирович Путин барои ибтикорашон ҷиҳати баргузории мулоқоти имрӯза изҳори сипос намоям.
Натиҷаи асосии мулоқотҳои созандаи баргузоргардидаи мо ин таҳкими мусбати тамоюли маҷмуии муносибатҳои Тоҷикистону Россия мебошад.
Дар муҳити расмӣ ва маҳрамона мо роҷеъ ба масоили муҳими робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия табодули назар карда, дурнамои шарикии стратегиамонро муҳокима намудем ва роҳҳои ҳалли беҳтар ва дурусти онҳоро муайян намудем.
Яке аз муҳимтарин масъала дар ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-сиёсии мо бо Россия айни ҳол тасвиби Созишнома доир ба мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар Тоҷикистон аст. Мехоҳам қайд намоям, ки муносибати мо нисбат ба ин масъала ҷиддӣ аст ва мо қатъиян омодаем, ки уҳдадориҳои базиммагирифтаи худро иҷро намоем. Бо назардошти ҳалли кунунии як қатор масоили марбут ба мушкилоти пойгоҳ бо баргаштани парлумони мамлакат аз рухсатӣ ин масъала тирамоҳи соли ҷорӣ ҳалли худро меёбад.
Дар раванди робитаҳои мунтазами сиёсӣ мо як қатор масоили характери минтақавӣ ва байналмилалидошта, аз ҷумла вазъ дар минтақа ва Афғонистонро баррасӣ намудем.
Дар меҳвари таваҷҷуҳи мо масоили таъмини амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қарор дошт.
Дар ҳошияи он аҳамияти ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-сиёсии ду кишвар ҳамчун омили субот ва амнияти минтақа зикр гардид. Аҳамияти ин омил аз ҳисоби ихроҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар соли 2014 бо дурнамои рушди бисёрҷанбаи ҳодисаҳо меафзояд.
Тоҷикистону Россия ҳамчун узви СААД, албатта, ҷиҳати таҳкими марз бо Афғонистон тадбир-ҳо меандешанд. Ғайр аз ин, Тоҷикистон бо мақомоти қудратии Афғонистон ҳамкории асоснок ва самаранок дорад, ки ин дар қиболи воқеаҳои минбаъда аз аҳамият холӣ нест.
Дар баробари ин, мо ба хулоса омадем, ки татбиқи санадҳое, ки моҳи октябри соли 2012 зимни сафари Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шудаанд, тезонида шаванд.
Ҳар ду ҷониб доир ба ин масъала чораҳои зарурии аз онҳо вобастабударо меандешанд.
Бо қаноатмандӣ ҷараёни рушди мусбати ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Россия зикр гардид.
Таҳлили пастшавии баъзе нишондодҳои гардиши мол миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Федератсияи Россия дар давоми нимсолаи аввали соли 2013 беш аз чорсад миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин, дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2012 бештар аз ҳафтуним фоиз кам аст.
Ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ҷиҳати вусъати ҳамаҷониба ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Россияю Тоҷикистон дар баробари ҳамкориҳои ҳарбию сиёсӣ таъкид намуд, ки ин на танҳо барои тамоми маҷмуи муносибатҳои мо заминаи мустаҳкам фароҳам меорад, балки бо ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳалли пурраи як силсила мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Агар дар мавриди вазъияти кунунӣ сухан гӯем, дар кишвари мо зиёда аз яксаду даҳ корхонаи муштарак фаъолият мекунад, ки миёни онҳо ширкатҳои бузурге, амсоли «Газпром», «Мегафон», «Билайн», «Интер РАО ЕЭС» ва ғайра мавҷуданд. Ин гуна фаъолиятро мо мепазирем.
Бахши энергетика дар қатори дигар соҳаҳои анъанавии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Россия ҳамчун самти афзалиятноки ҳамкориҳо нишон дода шуд.
Мо бо қаноатмандӣ натиҷаҳои умедворкунандаи корҳои «Газпром»-ро оид ба омӯзиш ва азхудкунии конҳои гази табиӣ дар Тоҷикистон зикр намудем.
Дар шароите, ки Тоҷикистон ба захираҳои иловагии энергетикӣ ниёзи бештар дорад, татбиқи фаъоли лоиҳаҳое, ки аз ҷониби «Газпром» амалӣ мешаванд, барои мо аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Аз ҷониби Россия ҳавасмандии мо ҷиҳати бунёди НБО-ҳои нав бо иқтидори миёна қабул гардид.
Ҳамчунин масоили вобаста ба як силсила мушкилоти молиявӣ дар НБО «Сангтӯда-1» бинобар сабаби қарздории ШСХК «Барқи Тоҷик» аз он баррасӣ шуданд.
Ман шарики худ, муҳтарам Владимир Владимирович Путинро аз чораҳое, ки барои беҳтар сохтани вазъият дар ин самт дида мешаванд, воқиф сохтам.
Дар мулоқоти мо таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи ҳассосе, чун муҳоҷирати меҳнатӣ равона гардид. Мукаммалсозии доимии заминаи шартномавию ҳуқуқие, ки бо ин масъала пайванд аст, беҳтарсозии шароити меҳнат ва ҳаёти ин табақаи шаҳрвандонамон барои мо афзалияти тағйирнопазир дорад ва аз ин рӯ, дар рӯзномаи ҷаласаи мулоқоти мо ин масъала ба сифати яке аз масоили муҳим қарор дошт.
Мо ба муҳимияти такмили минбаъдаи корҳои Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки моҳияти асосии танзим ва пешрафти ҳамшарикии серсоҳаи тиҷоратию иқтисодии мо маҳсуб мешавад, ишора намудем.
Таваҷҷуҳи хоса ба масоили тақвият бахшидани ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ зоҳир гардид.
Мо барои васеъ намудани муносибатҳои минбаъдаи кишварҳоямон дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, иттилоот ва санъат изҳори андеша намудем ва ба қароре омадем, ки динамикаи мусбати афзоиши робитаҳоямонро дар ин соҳаҳо бо гомҳои амалӣ идома диҳем.
Ин гомҳо дар солҳои охир дар ифтитоҳи филиалҳои ду мактаби олии бонуфуз- Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов ва Донишкадаи оҳану фӯлоди Москва зоҳир гардиданд. Дар навбат ифтитоҳи боз як филиали Донишкадаи энергетикии Москва қарор дорад. Ба як силсила шуъбаҳои Фонди «Русский мир» асос гузошта шуд, дар дигар соҳаҳои хусусияти фарҳангию гуманитаридошта низ корҳои зиёд анҷом дода шуданд.
Дар маҷмуъ, мо аз натиҷаи гуфтушунидҳои доиршуда қаноатмандем.
Ин гуфтушунидҳо бори дигар мувофиқати пурра ва ё наздикии назари ҷонибҳоро доир ба мушкилоти зиёди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин оид ба масоили муҳими муносибатҳои дуҷониба нишон доданд.
www.president.tj