Изҳороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот оид ба натиҷаҳои музокироти Тоҷикистону Ӯзбекистон
Ӯзбекистон, 2 июни соли 2022
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Хонумон ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба бародари азизам, муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев барои даъвати сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона ташаккур гӯям.
Мулоқоти навбатии мо дар рӯҳияи созандагӣ ва боварии тарафайн гузашт, ки хоси муносибатҳои ҳар ду халқи бародар мебошад. Мо аҳамияти нигоҳ доштани муколамаи мунтазами сиёсиро дар ҳама сатҳҳо муҳим шумурдем. Дар Тоҷикистон ба саҳми шахсии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рушди муносибатҳои неки ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳои баланд медиҳанд.
Моҳи октябри соли ҷорӣ Тоҷикистону Ӯзбекистон 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатиро ҷашн мегиранд. Муҳим он аст, ки мо дар соли ҷашнӣ қарори дорои аҳамияти таърихидоштаро қабул кардем, ки он ба баланд бардоштани сатҳи муносибатҳо то ба дараҷаи иттифоқӣ нигаронида шудааст.
Имрӯз санади стратегӣ — «Эъломия дар бораи таҳкими дӯстӣ ва иттифоқи абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба имзо расид. Мо итминон дорем, ки ин ҷавобгӯ ба манфиатҳои кулли халқҳои мост ва омили муҳими таҳкими сулҳу субот дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни гуфтушунид дар доираи маҳдуд ва васеъ мо ба татбиқи амалии созишҳои қаблан қабулшуда эътибори хоса зоҳир намудем.
Боиси хушнудист, ки тайи се соли охир дар бахшҳои гуногуни ҳамкорӣ ҳудуди 100 санади дуҷониба ба имзо расид. Мо ба мувофиқа расидем, ки рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар муносибатҳои мо, ҳамчунон, авлавият дорад.
Мо ба ҷараёни босуръати афзоиши гардиши мутақобилаи муомилоти мол, ки дар соли гузашта беш аз 600 миллион долларро ташкил дод, якдилона таъкид кардем. Умуман, дар шаш соли охир ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ байни мамлакатҳои мо 40 маротиба афзуд.
Мо барои расидан ба ҳадафе, ки қаблан бо муҳтарам Шавкат Миромонович муайян карда будем, яъне гардиши молро ба як миллиард доллар расонидан пайваста пеш рафта истодаем.
Мо қайд кардем, ки барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла дар саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пойафзолдӯзӣ, кӯҳӣ ва металлургӣ, инчунин дар бахшҳои металлургияи ранга, дорусозӣ, нақлиёту коммуникатсия, бонкдорӣ ва сайёҳӣ иқтидори бузург мавҷуд аст.
Мо, ҳамчунин, таъкид намудем, ки имкониятҳо дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, махсусан дар соҳаи тухмипарварӣ, зиёданд. Дар ин роҳ мо аҳд кардем, ки робитаҳои доираҳои тиҷоратии мамлакатҳоямонро боз ҳам инкишоф диҳем.
Дирӯз мулоқоти ҷамъиятҳои тиҷоратии тарафҳо барпо гардид, ки дар он як бастаи томи шартномаҳои байни субъектҳо ба маблағи умумии беш аз 1 миллиард доллар ба имзо расид. Таваҷҷуҳи хоса ба зарурати истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидори ҳамкории байни минтақавӣ зоҳир карда шуд.
Тайи чанд соли охир дар минтақаҳои мо тавассути анҷоми сафарҳои мутақобила ва роҳандозии робитаҳои корӣ фаъолияти хуб оғоз шудааст. Даҳҳо чорабиниҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстона баргузор шуданд.
Мо итминон дорем, ки минтақаҳои мо барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар кооператсияи саноатӣ, бахши нақлиёту логистика, комплекси агросаноатӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва илмию техникӣ имкониятҳои калон доранд. Бо дарназардошти таҷрибаи андӯхташуда дар ин самт мо пешниҳод кардем, ки дар нимаи дуюми соли равон таҳти раёсати нахуствазирони ҳар ду кишвар Форуми минтақаҳо ташкил карда шавад.
Зимни гуфтушунидҳо ҳавасмандии ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таъкид гардид. Иқдоми ҷиддӣ дар ин самт якҷо бо муҳтарам Шавкат Миромонович оғоз бахшидани татбиқи лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 мегаватт дар рӯдхонаи Зарафшони Тоҷикистон аст.
Комёбиҳои муҳим дар соҳаи нақлиёт низ қайд карда шуданд. Мо бо камоли қаноатмандӣ зикр намудем, ки шаҳрвандони мо имкони рафтуомади озодона доранд. Тибқи маълумоти мо, ҳар рӯз ҳудуди 20 ҳазор нафар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро бе мамоният убур мекунанд. Ин рақами хеле муҳим аст.
Реҷаи муомилоти озоди молу хизмат таъмин карда шудааст. Ҳаҷми боркашонии ҳавоӣ ва автомобилӣ хеле афзудааст. Мо аҳд кардем, ки дар ояндаи наздик имконияти кушодани нақлиёти роҳи оҳани мусофиркашониро байни пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳои мамлакатҳоямон баррасӣ намоем.
Ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арсаи фарҳангӣ, башардӯстона, бахусус дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Ин самт бо дарназардошти анъанаҳои наздики фарҳангии ҳар ду халқи бародар аҳамияти асосӣ дорад.
Дар рафти гуфтушунид мо ҳамкориро дар соҳаи амният муфассал муҳокима кардем. Мо ҳавасмандии муштаракро ба таҳкими муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳор кардем. Бо дарназардошти вазъи мураккаби имрӯзаи байналмилалӣ, мо омодагиро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, бахусус дар масъалаи Афғонистон, бори дигар тасдиқ намудем. Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздики Афғонистон ба истиқрори сулҳу ваҳдати дарозмуддат дар ин кишвар самимона манфиатдор аст.
Таъкид карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба таври созанда рушд мекунанд. Мо аз талошҳои Ӯзбекистон ба ҳайси раиси СҲШ дар соли ҷорӣ пуштибонӣ хоҳем кард. Мо итминон дорем, ки саммити дар пешистодаи СҲШ бомуваффақият мегузарад.
Дар маҷмӯъ, ҷонибҳо изҳори итминони қатъӣ намуданд, ки тавофуқоти дар рафти гуфтушунид ва вохӯриҳои ҷонибҳо ҳосилшуда ба амиқсозии минбаъдаи ҳамкориҳо дар тамоми самтҳои пешбинишудаи робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат хоҳанд кард.
Дар хотима мехоҳам бори дигар ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович ва дар симои Шумо ба халқи бародари Ӯзбекистон барои истиқболи гарм, меҳмоннавозии анъанавӣ миннатдории самимӣ баён намоям.
Ташаккур барои таваҷҷуҳ!