Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО
14 октябри соли 2021
Муҳтарам мудири кулли ЮНЕСКО,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Ҳозирини гиромӣ!
Дар оғоз мехоҳам ба Шумо, хонуми олиқадр Одри Азуле ва тамоми масъулони ЮНЕСКО барои мусоидат ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанг ва намоиши ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи созмон изҳори миннатдорӣ намоям.
Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ имсол 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн гирифт. Дар ин муддати аз нигоҳи таърих кӯтоҳ кишвари мо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, дар арсаи байналмилалӣ ба мақому мавқеи устувор соҳиб гардид.
Узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоди он оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) намунаи боризи ин дастовардҳо мебошад. Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар ин зимн мо аз амалӣ намудани лоиҳаҳое, ки дар рушди маорифу илм, ҳифзи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии кишвар барои наслҳои оянда саҳми назаррас доранд, ҳамаҷониба пуштибонӣ менамоем.
Дар тӯли ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва ин созмони бонуфуз муносибатҳои боэътимод ташаккул ёфтаанд. Ин ба мо имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои ҳамоҳангшудаи дуҷонибаро дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳ инкишоф диҳем.
Басо рамзист, ки имрӯз мо дигарбора дар ин бинои таърихӣ, ки таҷассуми сулҳ, илму маърифат, фарҳанг ва созандагӣ мебошад, бо фаъолон, намояндагони ҷомеа, аҳли илм ва зиёиёни эҷодкори Фаронса мулоқот мекунем. Қобили зикр аст, ки соли 2005 мо Рӯзҳои фарҳанги кишварамонро маҳз дар ҳамин қаср баргузор намуда будем. Бахусус, мехостам аз Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» ёдовар шавам. Мо бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон дирӯз дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж ба ин намоишгоҳ ҳусни ифтитоҳ бахшидем.
Дар чорчӯбаи намоишгоҳи мазкур, ки бори аввал дар Аврупо барпо гардида, тӯли се моҳ идома хоҳад ёфт, қариб 300 ёдгорӣ аз даврони атиқаи халқи тоҷик то замони муосир ҷамъ оварда шудааст. Дар намоишгоҳ, инчунин, осори гаронбаҳои таърихи ниёгони мо аз Осорхонаи Британияи Кабир, ки бо номи «Хазинаи Амударё» маъруф аст, ба намоиш гузошта шудаанд.
Баргузории силсилаи чорабиниҳои фарҳангии дирӯзу имрӯз дар маркази фарҳанги аврупоӣ — шаҳри Париж барои мо рӯйдоди муҳим ва хотирмон мебошад. Басо рамзист, ки онҳо ба давраи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадаанд.
Тавре маълум аст, тоҷикон миллати тамаддунофару фарҳангӣ буда, дар таърихи башарият ҷойгоҳи муносибе доранд. Албатта, давраи давлатдории навини тоҷикон дар муқоиса бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқи куҳанбунёди тоҷик ва анъанаҳои ватандориву тамаддунсозии он муддати чандон тӯлонӣ нест. Аммо барои мардуми шарафманди мо муҳим он аст, ки ин давра марҳалаи санҷиши таърихӣ, такмили худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи марзу бум ва умуман мавҷудияти давлату миллат, таъмини сулҳу субот ва эҳёи давлатдории миллӣ мебошад.
Дар замони муосир, махсусан, дар шароите, ки бархӯрди тамаддунҳо ва арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт шиддат мегирад, омӯзиши амиқи таърих ва тарғибу ташвиқи мероси ғании таърихиву фарҳангӣ яке аз роҳҳои тарбияи таҳаммулпазирӣ мебошад. Воқеан, таърихи қадимаи халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагони мо, аз ҷумла, ёдгориҳои таърихӣ бузургтарин мактаби худшиносӣ барои ҳар як фарди ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон аст.
Мардуми мо, аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба оину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодии худ арҷ гузошта, барои эҳёву ғановатманд гардонидани онҳо ва дар миёни аҳли ҷомеа густариш додани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш пайваста саъю талош менамоянд.
Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, дар байни аҷдоди мо маданияти китобдорӣ ва пешбурди илму фарҳанг ривоҷ доштааст, ки осори ҷовидонаи илмӣ ва хусусан, мероси адабиву фарҳангие, ки аз замонҳои қабл аз мелод то ба имрӯз боқӣ мондааст, далели бебаҳси ин гуфтаҳо мебошад.
Ёдгории табиии «Боғи миллии Тоҷикистон», шаҳри бостонии Саразм, мусиқии миллии «Шашмақом», ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, таоми миллии «Оши палов» ва «Чакан — санъати зардӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» намунаҳои барҷастае аз мероси ғании фарҳангиву таърихии халқи тоҷик ба шумор мераванд, ки аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шуда, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии башарият ворид гардидаанд.
Даврони давлатдории Сомониён, ки ташаккулёбии комили халқи тоҷик ба ҳамин давра рост меояд, дар тамаддуни башарӣ камназир мебошад. Бояд гуфт, ки осори илмиву адабӣ ва фарҳангиву таърихии ин замон ҳамчун дастовардҳои беназири инсоният эътироф шуда, бо мазмуну муҳтаво ва арзиши илмиву адабӣ дар миёни ҷаҳониён машҳур гардидаанд.
Дар давраи Сомониён тоҷикон соҳиби девону дафтар, нишону парчам ва сохтори муназзами идориву давлатдорӣ гардида, илму маърифат, фарҳангу адаб ва касбу ҳунар рушди бесобиқа пайдо карда буд.
Маҳз дар шаҳрҳои калонтарини он замон китобхонаву мадрасаҳо, кӯшку саройҳо, дӯкону бозорҳо ва растаҳои ҳунармандӣ бунёд ёфта буданд.
Ҳозирини гиромӣ!
То имрӯз дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО таҷлили ҷашну санаҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ, гиромидошти симоҳои барҷастаи илму адаби тоҷик, арҷгузорӣ ба солгарди мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва дигар тадбирҳо амалӣ гардидаанд.
Дар ин давра чандин ҷашнвораи дорои аҳамияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба рӯйхати ҷашнвораҳои созмони мазкур ворид гардида, дар қаламрави кишвар ва берун аз он ҷашн гирифта шуд.
Таҷлили ҷашнҳои 2500 — солагии шаҳри Истаравшан, 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 — солагии маданияти Ҳисор, 1100 — солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон — Сомониён, 1150 — солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800 — солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ ва 5500 — солагии Саразми бостонӣ намунаи равшани ин ҳамкориҳост.
Дӯстони азиз!
Дар фарҷом мехоҳам ба тамоми созмондиҳандагони ин ҳамоиш изҳори сипос намоям.
Умед дорам, ки Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар муаррифии кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ нақши шоиста мегузорад.
Ташаккур.