Муаррифии нахустин консерти Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»

№30 (3980) 19.03.2019

33510197698_e4ebd7967a_o15 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муаррифии нахустин консерти Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳайати корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва намояндагони аҳли фарҳангу адаб иштирок карданд.

46471321735_2be080463d_oМуассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷрои­яи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2016 таъсис дода шудааст, коргоҳи навтаъсиси санъати мусиқии касбии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.

Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Оркестри давлатии симфонӣ бо асбобҳои муосири торӣ, нафасӣ ва зарбиву навозандагии хос ба оркестр ва бинои алоҳида таъмин гардидааст.

Дар айни замон ба ҳайати оркестр зиёда аз 100 нафар мутрибу мутахассиси ҷавони хатмкардаи мактабҳои мусиқии касбии дохил ва хориҷ ҷалб карда шудаанд.

Роҳбарияти ин муассисаи фарҳангӣ аз рӯзҳои нахустини фаъолият дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат дар робита ба масъалаи қабули ромишгарону мутахассисон ба ҳайати оркестр, ташаккули репертуари оркестр аз асарҳои композиторони Тоҷикистон ва классикаи ҷаҳонӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди барномаи ҳунарӣ ба маҳорати ромишгарон баҳои баланд ва барои таъмини фаъолияти беҳтари оркестр, аз ҷумла, интихоб ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадори соҳа ва саҳмгузорӣ дар тарбияи ҳисси ифтихору сарфарозии насли наврас аз фарҳанги миллии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои судбахш доданд.

www.president.tj