Муассисаи таълимии №119 ба фаъолияти пурсамар шурӯъ намуд

№125 (3426) 18 Сентябр, 2015 18.09.2015

8 сентябри соли 2015 дар деҳаи Тойчии деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба оғози фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 119 асос гузошт.

Дар даромадгоҳи бинои мазкур хонандагон бо барномаҳои рангини фарҳангии театрикунонидашуда Сарвари давлатро истиқбол гирифтанд. Зимни баромади хеш хонандагон аз ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот шукргузорӣ намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимии наву замонавӣ моҳи июли соли 2012 оғоз гардида буд ва он бо харҷи 23 миллиону 104 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» бунёд ёфтааст.

Муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, 64 синфхона дорад. Бино аз озмоишгоҳҳои бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз, маҷлисгоҳ бо 560 ҷой, толори китобхонӣ, ошхонаи барҳаво, инчунин синфхонаҳои алоҳида барои ташаккули завқи зебоипарастии кӯдакону наврасон, толори варзишӣ бо 325 ҷой иборат мебошад, ки дар як баст 1176 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Айни замон 400 нафар фарзандони сокинони маҳаллаи навбунёд дар ин муассисаи таълимӣ таҳсили илм мекунанд, ки аз ин шумора 250 нафарашон фарзандони муҳоҷирони экологӣ аз ноҳияи Нуробод мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълим дар синфхонаҳои ибтидоӣ, компютерӣ, дӯзандагию дуредгарӣ шинос шуда, бо хонандагон суҳбати самимӣ доир кард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам беҳтар гардонидани сифати таълим ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дод. Хонандагон ба Сарвари давлат барои бунёди муассисаи таълимии нав изҳори сипос карданд. Дар ҷавоби ин дастгириҳо ваъда доданд, ки бо хониши хубу аъло ва омӯзиши илмҳои муосир оянда ҳамчун кадрҳои арзанда барои халқу Ватан хизмат хоҳанд кард.

Дар синфи омӯзиши ҳунарҳо Сарвари давлат ба дӯхти либосҳои миллӣ, ки худи духтарони синфҳои болоӣ омода кардаанд, баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, илм ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят кард. Зимни шиносоӣ бо шароити муассисаи таълимии нав ҳамчунин барои корҳои ободонӣ ба роҳбарияти он тавсияҳои иловагӣ дода шуд. Маврид ба ёдоварист, ки дар муассисаи таълимӣ буғхона бо технологияи ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дар фасли зимистон имкон дорад, тамоми утоқҳои биноро бо ангишт ва неруи барқ гарм нигоҳ дорад. Дар рӯзҳои таҷлили 24 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи таълимӣ туҳфаи арзандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фарзандони сокинони муҳоҷиршудаи шаҳри Турсунзода арзёбӣ гардид. Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шароити таълим дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди омӯзгорону хонандагон ва фаъолони шаҳр мулоқоти судманд доир намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи муассисаи таълимии навро ба сокинони ин маҳал муборакбод намуд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои 571 оилаи муҳоҷир, ки дар деҳаи Тойчии деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода муқимӣ шудаанд, тамоми шароитро муҳайё кардааст. Аз ҷумла бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо харҷи беш аз 52 миллион сомонӣ роҳ, муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, хатти об, хатти интиқоли барқ, зеристгоҳи барқӣ ва дигар инфрасохтори заруриро бунёд кардааст.

Ин гуна корҳои ободонӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмини зиндагии сазовори сокинон идома дорад.

www.president.tj