Мубодилаи барқияҳои табрикӣ

№79 (3716) 04.07.2017

 Якуми июли соли 2017 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Венгрия Янош Адер ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Венгрия Янош Адер, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Ба муносибати биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Венгрия сарфарозам ба Шумо табрикоту таманниёти самимии хешро бифиристам.

Боиси қаноатмандист, ки дар ин муддат, бар асари саъю кӯшишҳои ҳар ду ҷониб, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди мо сатҳи сифатан навро касб намуданд.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Венгрия дар соҳаҳои гуногун минбаъд низ ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар рушду густариш хоҳанд ёфт. Итминон дорам, ки дар оянда ба хотири пешрафти ин раванди созанда ҳар ду ҷониб саъю эҳтимом ва кӯшишҳои пайвастаи хешро дареғ нахоҳанд дошт.

Бо ибрози таманниёти беҳтарини пешрафту шукуфоӣ ба мардуми дӯсти Венгрия, ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии комил, хушрӯзӣ ва дастовардҳои навин хоҳонам».

Дар барқияи табрикии Президенти Венгрия Янош Адер ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Иҷозат фармоед табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳоямон ба Шумо иброз намоям.

Бароям боиси хушҳолист, ки дар чунин масъалаи мубрами рӯзҳои мо, ки ҳаётан муҳим ҳам ҳаст, яъне мушкилоти ҳифзи захираҳои обии сайёра, дар симои Шумо дар паҳлуи худ ман метавонам ба чунин иттифоқчии қавие, ки худи ӯ барои муваффақ шудан ба ин кор кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, умед бандам. Онро, ки ин суханон хушку холӣ нестанд,   муколама оид ба мушкилоти об, ки барандагони муштараки он Венгрия ва Тоҷикистон мебошанд, инчунин иштироки Шумо, ҷаноби Президент ва суханронии Шумо дар Саммити дуюми об, ки соли гузашта дар шаҳри Будапешт барпо шуд, баръало нишон медиҳад.

Ман комилан мутмаинам, ки ҳамкории муваффақонаи оғозгардидаро мо метавонем минбаъд низ бо чунин ҷараён ва самара идома диҳем.

Ба Шумо дар вазифаи масъулатон муваффақиятҳои беназир ва саломатии комил таманно дорам».

www.president.tj