Мубодилаи номаҳои шодбошӣ

№15 (4435) 01.02.2022

28 январи соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ба муносибати 30 — юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ҳар ду кишвар мубодилаи номаҳои шодбошӣ сурат гирифт.

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, дӯсти гиромӣ!

Лутфан, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ин ҷонибро ба муносибати 30 — солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия бипазиред.

Тайи солҳои сипаришуда муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои суд­манд миёни Тоҷикистон ва Туркия зина ба зина рушд ёфта, имрӯз доираи васеи шарикии байнидавлатиро дар арсаҳои гуногуни мавриди манфиатҳои аслии мардуми ҳар ду ҷониб дар бар мегиранд.

Мо аз сатҳу муҳтавои кунунии робитаҳои фарогири кишварҳоямон, ки бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунӣ, таърихӣ ва усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод асос ёфтаанд, қаноатмандии худро изҳор мекунем.

Итминони комил дорем, ки бо азми қавӣ ва ҷидду ҷаҳди амалии якҷоя муносибатҳои ҳар ду кишвар минбаъд ҳам ба таври рӯзафзун рушд ёфта, паҳнои сифатан нави ҳамкориро касб хоҳанд кард.

Тоҷикистон алоқаманди тақвияти ин раванд буда, омода аст то дар ин ҷода тадбирҳои лозима андешад.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу саодат ва ­ком­ё­­биҳои навин, ба мардуми бародари Туркия сулҳу субот, осудаҳолӣ ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзумандам».

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, дӯсти азиз!

Ба муносибати 30 — юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни кишварҳоямон Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистонро аз номи худ ва аз номи миллатам самимона табрику муборакбод мегӯям.

Мо аз он хушнудем, ки кишвари мо яке аз нахустинҳо дар заминаи пайвандҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ бо Тоҷикистон равобити дипломатиро барқарор намудааст. Ба шарофати робитаҳои устуворе, ки мо тайи се даҳсолаи охир дар бисёр соҳаҳо барқарор кардем, муносибатҳои мо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ пайваста рушду таҳким ёфта истодаанд.

Бо дарназардошти таҳаввулоти минтақаи мо, ман бар он боварам, ки ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ байни давлату мардуми мо бояд минбаъд низ таҳким ёфта, ҳифз карда шаванд. Қадамҳои устуворе, ки Тоҷикис­тон таҳти роҳбарии Шумо мегузорад, моро водор менамояд, то ба ояндаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳоямон дидгоҳи умедбахш дошта бошем.

Мо омодаем, ки бо амалӣ намудани Шӯрои ҳамкории миёни кишварҳо, ки дар 20 — умин солгарди равобити дипломатӣ таъсис додаем, бо талошҳои муштарак ба ин раванд ба манфиати умум ва некуаҳволии мардумонамон вусъат бахшем.

Бо истифода аз фурсат ба Ҷаноби Олӣ тансиҳативу хушбахтӣ, ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон беҳбудиву осудагӣ орзумандам».

Ҳамчунин, 31 январи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Борис Ҷонсон ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии миёни кишварҳо ба якдигар номаҳои шодбошӣ  ирсол намуданд.

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Борис Ҷонсон омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Дар иртибот ба таҷлили 30 — солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сарфарозам ба Шумо ва мардуми дӯсти кишваратон таманниёти нек ва табрикоти самимии ин ҷонибро изҳор намоям.

Боиси қаноатмандист, ки тайи солҳои сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо ба таври мусбат ва ба нафъи ҷонибҳо бомаром рушд ёфта, сатҳи сифатан навро касб карданд.

Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи минбаъдаи робитаҳои некро бо Британияи Кабир, ки дар қатори аввалинҳо соҳибистиқлолии онро ба расмият пазируфт, муҳим медонад.

Дар ин росто, мо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат бо он дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳем.

Итминон дорам, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо муносибатҳои шарики ҳар ду кишвар минбаъд ҳам идомаи босамар ёфта, дар оянда мазмуну муҳтавои навро касб хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сулҳу амонӣ ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзумандам».

Дар номаи шодбошии Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Борис Ҷонсон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон!

Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 январ 30 — юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии худро қайд намуданд. Бо истифода аз ин фурсат, мехостам қотеона ва самимона аҳамияти таҳкими муносибатҳои моро барои Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъкид намоям.

Дар тӯли 30 соли охир Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди шарикии наздик бар пояи усулҳои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои амният ва дифоъ, рушди инсонӣ ва иқтисодӣ, тиҷорат ва фарҳанг дар бар мегирад, ҳамкории муштарак анҷом додаанд.

Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ки имрӯз шарики собитқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, минбаъд низ дар кори дастгирии рушди устувори он ва муборизаи муштарак бо таҳдидҳои умумӣ ва глобалӣ, ба монанди амният ва тағйирёбии иқлим ҳамин тавр боқӣ мемонад. Умедвори рушди давомдори муносибатҳои ҳамкориамон дар солҳои оянда ҳастам».

www.president.tj