26 феврали соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Финляндия муҳтарам Саули Ниинистё ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ҳар ду кишвар мубодилаи номаҳои шодбошӣ ба амал омад.
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Финляндия муҳтарам Саули Ниинистё омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия сарфарозам ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро иброз намоям.
Боиси қаноатмандист, ки тайи давраи сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои мо арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифта, имрӯзҳо дар марҳалаи рушди бомароми худ қарор доранд.
Ҷониби Тоҷикистон алоқаманди пешбурди минбаъдаи ин раванд мебошад ва мо омодаем, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити ҳар чӣ бештари мусоид барои таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳамкориҳои судманди миёни ҳар ду кишвар талошҳои пайвастаи муштарак ба харҷ диҳем.
Бо таҷдиди табрикоти хеш ба ҷаноби Президент саломатии комилу комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Финляндия амну амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзу дорам».
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Финляндия муҳтарам Саули Ниинистё ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Шуморо ба муносибати 30 — солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Финляндия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 феврали соли 2022 таҷлил мегардад, табрик менамоям.
Дар баробари таманниёти гарми худ ба кишвари Шумо ва мардуми он рушду шукуфоӣ хоҳонам.
Боварӣ дорам, ки дар оянда ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо таҳким ва густариш хоҳанд ёфт.
Лутфан изҳори эҳтироми олии маро қабул кунед».
www.president.tj