25 марти соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия муҳтарам Александр Ван дер Беллен ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ҳар ду кишвар мубодилаи номаҳои шодбошӣ ба амал омад.
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия муҳтарам Александр Ван дер Беллен омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати 30 — солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ин ҷонибро иброз менамоям.
Кишвари мо Австрияро яке аз шарикони муҳим ва боэътимод дар арсаи байналмилалӣ дониста, аз сатҳу раванди рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо он изҳори қаноатмандӣ менамояд.
Зимни таъкиди мақоми хоссаи густаришу тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Австрия, мо идомаи муколамаи сиёсии миёни ҳар ду кишварро, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, ба нафъи дастрасӣ ба ҳадафҳои аслии мавриди манфиати тарафайн медонем.
Итминон дорам, ки талошҳои муштарак дар роҳи тавсеаи муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои гуногунсамт, бо дарназардошти мавҷудияти имкониятҳои фаровони ҳар ду кишвар, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор хоҳанд овард.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш, ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии бардавом, комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Австрия сулҳу осоиш ва пешрафту шукуфоии бомаром орзумандам».
Дар барқияи табрикии Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия муҳтарам Александр Ван дер Беллен ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
25 марти соли 2022 Ҷумҳурии Австрия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 — солагии барқарории робитаҳои дипломатиашонро таҷлил менамоянд. Дар иртибот ба ин санаи ҷашнӣ ва хотирмон дар муносибатҳои дуҷонибаи мо хушнудам ба Шумо номаи табрикотиро ирсол намоям.
Дар тӯли 30 соли сипаришуда ҳамкориҳои кишварҳои мо дар асоси усули эҳтироми ҳамдигар ва дар маҷрои дӯстӣ рушд ёфтаанд. Тайи солҳои охир занҷираи муҳими онҳоро ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ташкил медиҳад. Умед дорам, чунин шарикиро мо минбаъд низ идома дода, дар соли ҷашнӣ бо саъю талошҳои муштарак ба тавсеаи ҳамкории байни кишварҳоямон дар сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ ноил мешавем.
Дар фарҷом мехоҳам ба Шумо некуаҳволии шахсӣ ва ояндаи дурахшону бомуваффақияти кишваратонро орзу намоям».