29 апрели соли 2022 ба истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия 30 сол пур шуд. Тайи ин солҳо Тоҷикистон ва Белгия ба сатҳи баланди шарикӣ даст ёфта, робитаҳои мазмунан ва сифатан нави байнидавлатиро ба таври назаррас таҳким бахшиданд.
Тоҷикистон ба густариши пайвастаи муносибатҳо бо Белгия, ки яке аз кишварҳои калидии Иттиҳоди Аврупо мебошад, аҳамияти хосса дода, дурнамои онҳоро умедбахш арзёбӣ менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номаи шодбошӣ ба унвони Подшоҳи Белгия Филипп ӯро ба ин муносибат муборакбод намуда, барои Аълоҳазрат сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Белгия сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукуфоии беш аз пеш таманно намуданд.
Подшоҳи Белгия дар номаи шодбошӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-юмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ҳар ду кишвар ба Сарвари давлати мо ва мардуми Тоҷикистон таманниёти беҳтарини он ҷонибро дар ростои сулҳу шукуфоӣ иброз доштанд.
www.president.tj