5 июни соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия муҳтарам Милош Земан ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ҳар ду кишвар мубодилаи номаҳои шодбошӣ ба амал омад.
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Чехия муҳтарам Милош Земан омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия ба Шумо табрикоти гарм ва таманниёти неки ин ҷонибро ирсол менамоям.
Роҳи се даҳсола якҷо тайкардаро арзёбӣ намуда, бо изҳори қаноатмандӣ раванди тавсеаи гуногунҷанбаву таҳкими бомароми ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳоямонро дар ҳама арсаҳои мавриди манфиати тарафайн қайд карданиам.
Бо истифода аз фурсати фараҳманд, мехоҳам аҳамияти пешбурди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Чехияро ба нафъи мардумамон дар заминаи усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ таъкид намоям.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандӣ ва комёбиҳои беш аз пеш, ба мардуми дӯсти Чехия сулҳу амонӣ, рушди устувор ва шукуфоӣ орзумандам».
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Чехия муҳтарам Милош Земан ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Иҷозат диҳед хотиррасон кунам, ки 5 июни соли 2022 Ҷумҳурии Чехия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатиро таҷлил менамоянд.
Бо камоли сарфарозӣ мехостам ҳар ду кишварҳоямонро ба ин солгард самимона табрик намуда, орзумандам, ки муносибатҳои дӯстонаи Чехия ва Тоҷикистон минбаъд низ дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн рушду тавсеа ёбанд.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва ба мардуми кишваратон муваффақият ва шукуфоӣ таманно дорам».