Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд

№110 (4372) 04.09.2021

51419190678_6ce17306d9_o2 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду шахсияти шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва шодравон Аҳмадшоҳи Масъудро (пас аз марг) бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон — ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи I сарфароз гардониданд.

Бояд гуфт, ки ордени «Исмоили Сомонӣ» мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони арзанда барои хизматҳои шоён супорида мешавад.

Он аз нуқра сохта шуда, ситораи ҳаштқира мебошад. Канораҳои ситора зарандуд ва ситораи ҳаштқираи нуқрафоми дохилиро ташкил медиҳанд. Дар маркази ситора медалиони тас­вири барҷастаи зарандуди шоҳ Исмоили Сомонӣ аст.

Дар давродаври он, дар ранги кабуди сирдавон дар ҳошияи зарандуд навиштаҷоти «Исмоили Сомонӣ» бо ҳарфҳои зарандуд иҷро шудааст. Дар қисми поёни медалион ду навдаи зарандуди дарахти ғор сабт шудааст. Дар тарафи қафои ситора рақами он нақш гардидааст.

Тасмаи ордени «Исмоили Сомонӣ» — тасмаи парниёни ранги кабуд буда, дар канорҳояш рахи зарандуд дорад. ­Паҳноии он «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи I — 100 миллиметр, паҳноии рахҳо ва масофа аз канорҳои тасма 3 миллиметр мебошад.

Зеҳи овезаи доимӣ фулузӣ, паҳноиаш 38 миллиметр, баландиаш 10 миллиметр буда, бо тасмаи парниёни ордени «Исмоили Сомонӣ» рӯкаш шудааст. Зеҳи ордени дараҷаи I дар миёна бандинаи қутраш 8 миллиметр ва шерозаи тиллоранг дорад.

www.president.tj