Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни 3000-солагии Ҳисор
27 октябри соли 2015, Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисор
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихори гузаштаи халқи куҳанбунёдамон, эҳё намудани оину анъанаҳои неки миллӣ, тарғиби осори ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии миллати азизамон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Зеро ба ҳамин васила мардуми мо метавонанд гузаштаи худро дурусту воқеъбинона дарк намоянд ва эҳсоси муҳаббат ба таърихи Ватани маҳбубамон дар қалби наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасоз решадор гардад.
Бо ҳамин мақсад мо чанд сол қабл доир ба таҷлили 3000 — солагии Ҳисор қарор қабул кардем. Дар асоси қарори зикршуда дар ноҳия хеле корҳои ободониву созандагӣ ба анҷом расонида шуданд ва имрӯз маркази ноҳияи Ҳисор қабои идона пӯшида, сокинони он якҷо бо кулли мардуми кишвар ва меҳмонони азиз ҷашни диёри куҳанбунёди худро баргузор менамоянд.
Дар ин лаҳзаҳои бисёр фархундаву фараҳбахш Ҷашни 3000 — солагии Ҳисори бостониро, ки яке аз шаҳрҳои таърихӣ ва марказҳои муҳими фарҳангиву иқтисодии халқи тоҷик ба шумор меравад, ба ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳия, кулли мардуми Тоҷикистон ва шумо, ҳозирини арҷманд, самимона табрик мегӯям.
Ҳадафи мо аз таҷлили ин ҷашни фархунда, аз як ҷиҳат ободу зебо гардонидан ва ба маркази муосири маъмуриву фарҳангӣ табдил додани ноҳияи Ҳисор бошад, аз тарафи дигар ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихиву фарҳангии пурарзиши он мебошад. Зеро мулки Ҳисор таърихи ниҳоят қадима дошта, кохи бегазанд ва намунаи маданияти шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва кишоварзиву ҳунармандии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ Ҳисор аз замонҳои хеле қадим бо номҳои Шумон, Ҳисор ва Ҳисори шодмон ёд шуда, дар осори хитойӣ бо унвони «Суман» ва маъхазҳои арабиву тоҷикӣ ҳамчун «Шумон» зикр шудааст.
Дар забони авастоӣ вожаи «Шумон» дар шакли «шиман» истифода шуда, маънои «нишастгоҳи баланд»-ро ифода мекунад. Муаллифи «Ҳудуд-ул-олам» онро «кохи боракӯҳ» маънидод намудааст.
Мулки Ҳисор таърихан дар сари роҳи яке аз шохаҳои муҳими Роҳи бузурги абрешим мавқеъ дошта, муаррихон ва бостоншиносон ба ин назаранд, ки Шумон бо Хитой ва Ҳиндустон дар Шарқ ва бо Мисру Византия дар Ғарб робитаҳои хуби тиҷоратӣ доштааст.
Сарчашмаи муътабаре, ки масъалаи гузариши роҳҳои тиҷоратиро ба воситаи водии Ҳисор зикр кардааст, асари Птоломей «Дастурҳои ҷуғрофӣ» мебошад, ки ҳанӯз соли 177-уми мелодӣ навишта шудааст.
Шумон шаҳри нодири меъморӣ ва фарҳангӣ низ ба ҳисоб рафта, аз рӯи нақшаи шаҳрсозӣ дар даврони гузашта дар минтақа беҳамто будааст.
Водии Шумон дар маҳалли нисбатан ҳамвор ҷойгир буда, дар тӯли таърих мардуми он барои пешбурди корҳои шаҳрсозӣ ва кишоварзӣ аз замин бисёр самаранок истифода мекардаанд.
Ҳамчунин Ҳисор яке аз марказҳои ҳунармандии Мовароуннаҳр ба шумор рафта, дар қаламрави он ҳунарҳои кулолгариву заргарӣ, хиштпазиву коркарди сангу фулузот ва ҳунарҳои дигар ривоҷ доштаанд.
Косибони ҳисорӣ усулҳои гуногуни ҳунари кулолгариро медонистанд ва намунаҳои беҳтарини маснуоти кулолгариро дар минтақа ба мерос гузоштаанд.
Дар асрҳои миёна шуҳрати маснуоти ҳунармандони алочабофи қаратоғӣ ва устоҳои гилкори Ҳисор мамолики Шарқро фаро гирифта будааст.
Дӯстони азиз!
Баъди Истиқлолияти давлатӣ ноҳияи Ҳисор дар як муддати кӯтоҳ хеле рушд пайдо карда, дар ҳудуди он корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна, даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ бунёд гардида, соҳаҳои дигари он, аз қабили кишоварзию чорводорӣ, рӯ ба пешрафт ниҳоданд.
Бо мақсади суръати боз ҳам бештар бахшидан ба корҳои ободонӣ ва умуман таъмин намудани рушду тараққиёти ноҳия мо дар бораи доир намудани Ҷашни 3000 – солагии Ҳисор қарор қабул кардем.
Чунки ҳадафи асосии ҳар гуна ҷашну чорабинӣ обод кардани ин ё он гӯшаи диёрамон, такони ҷиддӣ бахшидан ба пешрафти шаҳру ноҳияҳои кишварамон ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои ҳамватанонамон мебошад.
Аз ин лиҳоз, бо қарори Ҳукумат нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Ҷашни 3000-солагии Ҳисор тасдиқ гардид, ки тибқи он масъалаи ба куллӣ тағйир додани инфрасохтори шаҳр ва бунёди шаҳри муосир пешбинӣ карда шуд.
Соли 2012 нақшаи генералии шаҳри Ҳисор барои то соли 2032 бо ғунҷоиши 55000 нафар аҳолӣ тасдиқ гардида, ба ҳудуди шаҳр 330 гектар замин илова карда шуд.
Дар доираи омодагӣ ба ҷашн аз ҳисоби Буҷети давлат ва соҳибкорону сармоягузорон иншооти зиёди замонавии таъиноти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва фароғативу истиқоматӣ бунёд ёфта, садҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуданд.
Ғайр аз ин, роҳи даромадгоҳи шаҳри Ҳисор, 22 километр шоҳроҳи мошингарди «Душанбе-Турсунзода», ки аз ноҳияи Ҳисор убур менамояд, ба истифода дода шуд. Инчунин сохтмони роҳҳои мошингард аз саршавии шаҳр ба самти Қалъаи Ҳисор ба итмом расида, зиёда аз 25 километр роҳҳои дохилии ноҳия таъмиру азнавсозӣ карда шуданд.
Дар баробари ин, шабакаҳои оби ошомиданӣ ва корез ба масофаи қариб даҳ километр бунёд карда шуданд, ки боиси ба маротиб беҳтар шудани таъминоти аҳолии шаҳр бо оби тоза гардиданд.
Илова бар ин, фақат дар се соли охир аз ҷониби соҳибкорон ба маблағи умумии 620 миллион сомонӣ хеле корҳои ободонӣ, ба монанди сохтмони роҳу пулҳо, синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, майдону толорҳои варзишӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти дигар сохта, ба истифода супорида шуданд.
Бо истифода аз фурсат, ба соҳибкорону тоҷирони саховатпеша ва ҳамаи шахсони баландҳиммате, ки барои анҷом додани амалҳои хайри созанда иқдом намуданд, аз номи Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу қадрдонӣ менамоям. Итминон дорам, ки раванди ободкорӣ аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон ва аҳолии ноҳия минбаъд низ идома пайдо мекунад.
Хотирнишон месозам, ки корҳои ободонии ноҳия ва деҳоти он минбаъд низ идома дода мешаванд ва аз ҷониби Ҳукумати мамлакат илова ба корҳои то ба ҳол иҷрошуда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани ноҳияи Ҳисор як силсила чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар давоми бисту чор соли Истиқлолияти давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҳисор барои 28 ҳазор ҷойи нишаст шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам гардидааст.
Танҳо дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои сохтмони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҳисор беш аз 100 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Ҳоло дар маркази ноҳия бунёди беморхонаи замонавӣ идома дорад, ки маблағи умумии он беш аз 18 миллион сомониро ташкил медиҳад ва имсол қисми якуми он бо тамоми шароити муосир ба истифода дода мешавад.
Инчунин дар деҳаи Меҳргони деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ» сохтмони беморхонаи ҳозиразамон оғоз гардидааст.
Бо мақсади таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон беморхонаи марказӣ ва бунгоҳҳои тиббии ноҳия бо таҷҳизоти зиёди тиббӣ ва дигар маводи зарурӣ таъмин карда шуданд.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар арафаи ҷашн дар соҳаи фарҳанги ноҳия низ корҳои назаррас ба анҷом расида, осорхона, китобхона ва Қасри фарҳанг бунёд карда шуд, ки иншооти зикршуда барои баргузории ҳама гуна чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ имконият доранд.
Барои сохтмони се иншооти мазкур ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир 51 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Илова бар ин, варзишгоҳи муосиру муҷаҳҳаз барои 20000 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 43 миллион сомонӣ сохта шуд, ки ҳоло чорабинии идонаи мо дар он баргузор шуда истодааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Мардуми водии Ҳисор на танҳо бо меҳнати бунёдкоронаашон шоистаи таҳсин мебошанд, балки дар рушди илму фарҳанг ва адабу ҳунари халқамон ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Дар ин водӣ даҳҳо нафар шоирону адибони маъруф умр ба сар бурда, анъанаҳои устувори адабиёти куҳани моро идома бахшидаанд.
Қобили зикр аст, ки адибони водии Ҳисор дар асри XX низ дар рушди адабиёти навини тоҷик нақши назаррас бозидаанд. Махсусан, эҷодиёти фарзанди фарзонаи водии Ҳисор, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода намунаи барҷастаи осори адабӣ ба шумор рафта, дар шеъру достонҳои ӯ масъалаҳои муҳими ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ, олиҳимматӣ, вафодорӣ, зебоипарастӣ, ки ифодагари беҳтарин хислатҳои мардуми тоҷик ба шумор мераванд, воқеъбинона тасвир ёфтаанд.
Ҳозирини арҷманд!
Чунонки мебинем, то ба имрӯз корҳои ба як маркази пешрафтаи саноативу тиҷоратӣ ва фарҳангӣ табдил додани Ҳисори бостонӣ ва бунёди инфрасохтори шаҳри муосир асосан ба анҷом расонида, барои рушди ояндаи он замина фароҳам оварда шудааст.
Итминон дорам, ки мардуми бонангу номус ва шарафманди ноҳияи Ҳисор, аз ҷумла соҳибкорони олиҳиммат, аз дигаргуниву ободиҳои имрӯза неруи тоза гирифта, бо шукронаи озодиву соҳибихтиёрии Ватани азизамон ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии кишвари маҳбубамон барои таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, иншооти гуногуни иҷтимоиву хизматрасонӣ, хонаҳои истиқоматӣ, хулоса боз ҳам ободу зебо гардидани ин шаҳри таърихӣ саъю талоши бештар мекунанд ва диёри худро ба як мулки ободу пешрафта табдил медиҳанд.
Бо дарназардошти он ки ҳоло мо дар маркази ноҳияи Ҳисор тамоми инфрасохтори заруриро муҳайё кардаем, ба сохтору идораҳои дахлдор супориш медиҳам, ки барои то аввали соли 2016 ҳамчун шаҳр ба расмият даровардани Ҳисор чораҷӯйӣ намоянд.
Дар охир, бори дигар таҷлили Ҷашни 3000 — солагии Ҳисори бостониро ба ҳар як шаҳрванди кишвар, аз ҷумла сокинони заҳматдӯсту сарбаланди Ҳисор, табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод, иқболи нек ва барори кор орзу менамоям.
Бигзор ин санаи таърихӣ дар хотираи халқамон ҳамчун воситаи муҳими худшиносиву худогоҳӣ то абад боқӣ монда, ба хотири рушди фарҳангу маънавиёти миллӣ ва тарбияи наслҳои имрӯзу фардо қадами нави устувор ба сӯи оянда бошад!
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!