Мулоқот бо 100 ятими кул ва тақдими туҳфаҳо ба онҳо дар шаҳри Хуҷанд

№ 01.04.2025

7-130 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар  шаҳри Хуҷанд бо 100 ятими кул аз шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот намуданд.

Мулоқоти Сарвари давлат бо нафарони бо амри тақдир аз падару модар маҳруммонда дар меҳвари таваҷҷуҳ ва пуштибонӣ қарор доштани ятимону ниёзмандон аз ҷониби давлату ҳукуматро бозгӯ мекунад.

Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзро ба ятимон таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шароити хуби зиндагии онҳо пайваста чораҳои муассир меандешад.

«Фаъолияти мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва таъмини шароити мусоиди будубош дар онҳо ба рӯзгори босаодату дастрасии ин қишри ҷомеа ба таҳсилоти босифат мусоидати фаъол менамояд»- иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳамин ҷо ятимон аз дасти Пешвои ғамхору раъиятпарвар тӯҳфаҳо қабул карданд. Туҳфаҳо аз маҷмӯи сару либос, шириниҳо ва маблағҳои пулӣ иборат буд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарро тақозо намуданд.