Нуҳуми феврали соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ҳамоҳангсози фаъолияти СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ва роҳбарони намояндагиҳои сохторҳои ин созмон дар кишварро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин созмони бонуфуз баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат чунин изҳор дошт: «Мо ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳидро дар ҷодаи дастёбӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба таври мусбат арзёбӣ менамоем, зеро дар чаҳорчӯбаи он Стратегияи миллии рушди кишвар қабул гардида, ба хотири таъмини рушди устувор ва боло бурдани некуаҳволии мардум дар амал бомуваффақият татбиқ мешавад».
Тавре зикр гардид, дар чаҳорчӯбаи ҳамкории босамари Тоҷикистон бо 23 ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои 2010-2014 қариб 100 лоиҳа ба маблағи умумии 346 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ғайра ба иҷро расид.
Зимни суҳбати созанда таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳияи Барномаи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мададрасонӣ бо ҳадафҳои рушд дар Тоҷикистон (ЮНДАФ) барои солҳои 2016-2020, ки 12 самти ояндадори ҳамкории муштаракро дар назар дорад, зоҳир шуд. Чунонки таъкид гардид, барномаи номбурда бояд бо Стратегияи нави рушди Тоҷикистон, ки ояндаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро мутаносибан барои то соли 2020 ва то соли 2030 пешбинӣ менамояд, ҳамоҳанг бошад. Ҳадафу вазифаҳо барои оянда бояд дуруст муайян ва барои иҷрои онҳо маҷмӯи тадбирҳо андешида шаванд.
Дар мулоқот ҳамчунин намояндаи Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ Николас Оберлин, намояндаи Созмони кишоварзӣ ва озуқаи СММ Виорел Гутсу, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ Лучиа Элми ва намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустии СММ Павел Урсу иштирок ва изҳори андеша карданд.
Зимни андешарониҳо намояндагони СММ дар Тоҷикистон ба ташаббусу ибтикороти созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ дар бахшҳои гуногуни ҷомеаи башарӣ баҳои баланд дода, омодагии худ ва СММ-ро барои татбиқи босамари онҳо таъкид доштанд.
Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид оянда ҳам судбахшу боровар хоҳад буд.
www.president.tj