7 марти соли 2013 дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи Модар бо зиёда аз 2200 нафар занону духтарони фаъоли ҷумҳурӣ мулоқот намуд.
Барои иштирок дар ҷамъомади идонаи бахшида ба Рӯзи Модар занону духтарони фаъоли дорои касбу кори гуногун аз тамоми вазорату идораҳо, сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва аз ҳама гӯшаю канори кишвар ба ҳам омаданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор ва кулли модарону бонувони ҷумҳуриро бо Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки ҷашнгирии Рӯзи Модар дар рӯзҳои аввали фасли баҳор ва дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз таърихи бостонии чандҳазорсола дорад.
Тавре Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, зан-модар дар Қуръони Карим, ҳадисҳои набавӣ ва умуман фарҳанги исломӣ низ мақому манзалати олӣ дорад.
«Аз ин хотир, — таъкид гардид дар суханронӣ, — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таълиму тарбияи занону духтарони фаъолу ташаббускор ва пешбарӣ намудани онҳо ба вазифаҳои идорию роҳбарӣ дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ пайваста тадбирҳои судбахш амалӣ менамояд».
Аз ҷумла зикр гардид, ки барои татбиқи ин ҳадафҳо 18 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудааст, ки ҳуқуқу озодиҳои зан, баробарҳуқуқии зану мард ва мақому манзалати ҷамъиятии бонувонро ҳифз менамоянд.
Бино ба маълумоти таҳлилии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ин минбар садо дод, аз соли 2006 ба ин сӯй ҳар сол барои бонувони соҳибкор 40 гранти Президентӣ ҷудо мешавад, ки маблағи умумии он дар 7 соли охир ба 5 миллиону 300 ҳазор сомонӣ расидааст. Аз ин маблағҳо 96 сохтори соҳибкории бонувон ва 170 соҳибкорбонуи инфиродӣ баҳравар шуда, фаъолияти босамари худро дар тиҷорат ва истеҳсолоти хурд ташкил намудаанд.
Ба нақши занону модарон дар таълиму тарбияи шоистаи фарзандон ва умуман насли солими наврас таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Аз ҷумла таъкид шуд, ки пеш аз ҳама бонувону модарон метавонанд дар татбиқи босамари қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақши муассиру судбахш дошта бошанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 7,5 ҳазор оилае, ки ҳар сол хонавайрон мешаванд, ёдовар шуда, таъкид дошт, ки ҷавонон, хусусан духтарон бояд ба ҳаёти оилавӣ хуб омода карда шаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз раванди гумроҳсозии баъзе кӯдакон ва наврасону ҷавонони ноогоҳ, ки аз ҷониби шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои ифротгаро бо фиреб ба мактабҳои террористии хориҷӣ бурда мешаванд, изҳори нигаронӣ намуд. Тавре зикр гардид, дар ду моҳи охир 100 нафар ҷавононе, ки дар чунин мактабҳо барои амалиёти террористию ифротгароӣ омода карда шудаанд, ба даст афтодаанд. Бо таассуфу нигаронӣ таъкид гардид, ки аз чунин фарзандони камсаводу бехабар дар он мактабҳо худкуш омода месозанд.
Дар поёни сухан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон модарону бонувонро бори дигар бо ҷашни Рӯзи Модар шодбош гуфта, ҷойгоҳи олии зан-модарро дар ҷомеа дафъатан таъкид дошт ва ҷавононро ба посдории шоистаи ин мақоми воло ва нигоҳубини волидони худ дар пиронсолии онҳо ҳидоят намуд.
www.prezident.tj