Мулоқот бо Фан Сянжун

№156-158 (3457-3459) 20.11.2015

12241068_926965174040336_4017441117782201433_o17 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон Фан Сянжунро вобаста ба анҷоми муҳлати ваколаташ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносиботи ҳамкорӣ ва мавзӯъҳои муҳиму мубрами барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мазмун ва сатҳи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Фан Сянжун барои ҳамкории пурсамар бо Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи иҷрои вазифааш изҳори сипос намуд.

Фан Сянжун дар навбати худ ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сиёсати дарҳои боз ҳамчун омили муҳими таҳкимбахшандаи равобити кишварҳо миннатдорӣ баён карда, бо итминон иброз дошт, ки минбаъд низ барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад.

Дар вохӯрӣ дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд низ баррасӣ шуданд.

www.president.tj