МУЛОҚОТ БО ГУРӮҲИ САФИРОНИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СММ

№106 (3586) 11.08.2016

Ҳаштуми августи соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи сафирони кишварҳои аъзои СММ ва намояндагони вижаи кишварҳои иштирокдори Панели сатҳи баланд оид ба масъа­лаҳои оби назди СММ-ро, ки барои иштирок дар Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор — «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи ҳайатҳои бонуфузи ин давлатҳоро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, таъкид намуд, ки иштироки онҳо дар ин чорабинии сатҳи баланд боз як нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҳукуматҳои кишварҳояшон барои дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои меҳварии вобаста ба об, ки дар Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дарҷ гардидаанд, ба ҳисоб меравад.

Тавре таъкид шуд, Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар оғози соли ҷорӣ бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид, Бонки умумиҷаҳонӣ ва роҳбарони даҳ кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсис дода шудааст.

Дар мулоқот оид ба муҳимияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва мушкилоти глобалии вобаста ба обу беҳдошт табодули афкори судманд сурат гирифт. Изҳори умед карда шуд, ки пешниҳоди нави ҷониби Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти шиори «Об-барои рушди устувор» ҷонибдории амиқ пайдо намуда, бо иқдомҳои наву муҳим дар соҳаи об  раванди расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор вусъати тоза касб менамояд.

www.president.tj