Ёздаҳуми декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд», ба муносибати 20 — солагии бетарафии Туркманистон, дар шаҳри Ашқобод бо Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва фарҳангии ду кишвар баррасӣ шуд.
Масоили таҳкими ҳамгиройӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ҳам аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.
www.president.tj